Фирори амрикоиҳо аз минтақаи ғарби Осиё

Шабакаи хабарии ПрессТВ ба нақл аз манобеи иттилоотии низомӣ эълом кард, амрикоиҳо дар ҳоли фирор аз минтақаи ғарби Осиё ҳастанд.

Манобеи иттилоотии низомӣ ба ПрессТВ эълом карданд, бар хилофи иддаои амрикоиҳо Вашингтон аз рӯзи шанбе иқдом ба тахлияи нерӯҳои худ аз минтақа кардааст.

Бар асоси ин гузориш, ҳавопаймоҳои таробарии c17 ва c5-и Амрико, ҳудуди ҳафтсад низомӣ барои тақвияти ҳифозати маконҳои депломатики худ вориди минтақа кардаанд ва дар муқобил тамоми нерӯҳои дигари худро аз Кувайт хориҷ кардаанд.

Дар паи иқдоми террористии Амрико дар террори сардор сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи ҷумъа дар пайёме зимни таслияти шаҳодати ин сардори сарафрози ислом таъкид кард, интиқоми сахте дар интизори ҷинояткорон аст.

Ҳусайни Саломӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ низ рӯзи шанбе дар вокуниш ба иқдоми ҷинояткоронаи низомиёни амрикоӣ дар террори фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба Амрико ҳушдор дод, террори сардор Сулаймонӣ як интиқомгирии роҳбурдиро дар пай дорад, ки мутмаинан ба ҳузури Амрико дар минтақа поён хоҳад дод.

Сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва теъдоде аз ёронаш бомдоди рӯзи ҷумъа дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар фурудгоҳи Бағдод пойтахти Ироқ ба шаҳодат расиданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад