Посухи тунди кангиреси Амрико ба изҳороти Трамп

Кангиреси Амрико дар вокуниш ба таҳдидҳои ҷадиди Транп алайҳи Эрон таъкид кард, ки ҳар гуна муҷаввизи ҷангӣ бояд аз сӯи кангиреса содир шавад.

Кумитаи равобити хориҷии маҷлиси намояндагони Амрико дар вокуниш ба изҳороти Доналд Трамп навишт: “Расонаҳои хабарӣ инро ёдовари мекунанд, ки муҷаввизҳои ҷангӣ аз назари қонуни зери назари кангирес аст. Ва шумо бояд муҷаввизҳои ҷангро аз кангирес дарёфт кунед чаро, ки шумо як диктатор нестӣ”.

Трамп сооте пеш аз ин дар твиттераш навишта буд: “Ин мавзеъгириҳои расонаӣ бояд ба унвони иблоғиае ба кангисаи Иёлоти Муттаҳида маҳсуб шавад, ки агар Эрон ба ҳар ҳадаф ё шахси Амрикоӣ ҳамла кунад, Иёлоти Муттаҳида ба суръат ва бо қудрат ҳамлаи мутақобил мекунад, шояд ҳамлае дар абъоди номутаносиб”.

Вай афзуд: “Чунин иблоғиае [ба кангирес] ниёз нест, аммо ба ҳар ҳол ин иблоғ шудааст”.

Бисёре аз таҳлилгарон мӯътақиданд, ки Тармп бо ин изҳорот ба кангирес паём додааст, ки ниёзе ба гирифтани муҷаввиз аз сӯи ин ниҳод барои ҳаргуна иқдоми низомӣ алайҳи Эрон надорад.

Раисҷмҳури Амрико бомдоди якшанбе ҳам гуфта буд дар сурате, ки Эрон ба террори сардор “Қосим Сулаймонӣ” посух диҳад, Вашингтон даҳҳо нуқта аз ҷумла марокизи фарҳангии муҳимми Эронро ҳадаф қарор медиҳад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кардааст, ки бо вуҷуди таҳдидоти Амрико, иқдоми ғайриқонунии Вашингтонро бе посух нахоҳад гузошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад