Сайидҳасан Насруллоҳ: “Ҳама дар муқобила бо “Муомилаи қарн” масъулем.”

Ба гузориши Тоҷик Пресс, Сайидҳасан Насруллоҳ дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба муносибати нуздаҳумин солгарди пирӯзии муқовимат бар режими саҳюнистӣ ва озодии комили Лубнон, ба суханронӣ пардохт.

Ӯ дар ибтидои суханони худ солгарди озодсозии Лубнон, ки дар ин кишвар бо унвони “иди муқовимат ва озодсозӣ” ёд мешавадро ба ҳамаи мусулмонон табрик ва дар идома солгарди шаҳодати ҳазрати Алӣ (а)-ро таслият гуфт ва дақоиқе дар ин бора калимотеро бар забон овард.

 

Ҳама дар муқобила бо “Муомилаи қарн” масъулем

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон пас аз он бо баён инки ба иллати мусодиф шудани ин рӯзҳо бо моҳи Рамазон, ҷашне барпо нашуд аммо маросими бузурге дар ҷумъаи ҳафтаи ҷорӣ (рӯзи ҷаҳонии Қудс) баргузор хоҳад шуд. Аз аҳамияти болои рӯзи Қудси имсол ба иллати ҳамзамон шудан бо бархе таҳаввулоти минтақаӣ сухан гуфт ва идома дод: “Ҳамаи мо суханони масъулони амрикоиро дар хусуси оғози иҷрои “Муомилаи қарн” шунидем ва гоми аввал, ки эълом шудааст дар нишасти иқтисодии Баҳрайн бардошта хоҳад шуд ва пас аз он иқдомоти баъдӣ низ сурат хоҳад гирифт”.

Ӯ таъкид кард, ки ҳамагӣ дар хусуси муқобила бо ин тарҳ, ки бо ҳадафи аз миён бурдани мавзӯъи Фаластин аст, масъулият доранд.

Сайидҳасан Насруллоҳ ҳамчунин аз мавзеъи воҳиди ҳамаи гурӯҳҳои фаластинӣ дар таҳрими нишасти Баҳрайн тамҷид кард ва онро як мавзеъгирии воқеӣ донист ва ҳамзамон бо тамҷид аз мавзеъи уламо ва инқилобиҳои Баҳрайни гуфт, ки гоми ибтидоӣ барои иҷрои тарҳи “Муомилаи қарн” қарор аст дар ин кишвар бардошта шавад.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон сипас идомаи суханони худ дар хусуси тарҳи ба номи “Муомилаи қарн” ва таҳаввулоти минтақаӣ ба хусус бӯҳрони миёни Эрон ва Амрико ва мавзеъи Ҳизбуллоҳ дар ин хусусро ба рӯзи ҷаҳонии Қудс вогузор кард ва гуфт дар суханронии имрӯзи худ ба мавзӯъи Лубнон ва Сурия хоҳад пардохт.

 

Режими саҳюнистӣ Лубнонро таҳдиди стратегии худ медонад  

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: “Имрӯз як рӯзи таърихӣ ва бузург барои Лубнон ва минтақа дар баҳси низоъи арабӣ-исроилӣ аст, чаро, ки ончи рух дод, натоиҷи бузурге дар абъоди низомӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар пай дошт ва дар кулл, муодилаи даргирӣ дар минтақаро тағйир дод”.

Ӯ бо посдошти зикр ва ёди кушташудагон ва захмиҳо ва хонаводаҳои онон гуфт: “Бояд ба ёд биоварем, ки чӣ касоне дар канори мо истоданд ва дар пирӯзӣ шарики мо буданд, бале Эрон ва Сурия”.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, эҷоди муодилаи қудрат дар Лубнонро аз муҳиммтарин натоиҷи пирӯзии соли 2000 донист ва гуфт, ки бо ин пирӯзӣ мушаххас шуд дар Лубнон қудрате вуҷуд дорад, ки битавонад Исроилро бидуни дастоварде аз Лубнон берун кунад ва имрӯз мисли собиқ ба Лубнон ба унвони кишваре заиф дар ҳалқаи низоъи арабӣ-исроилӣ нигоҳ намешавад ва ҳар касе, ки ахбор ва дидгоҳҳои саҳюнистҳоро дунбол мекунад, мутаваҷҷеҳ мешавад, ки онҳо ин қудрати воқеӣ дар Лубнонро таҳдиди стратегӣ ё марказӣ ном гузоштаанд.

Сайидҳасан Насруллоҳ идома дод: “Ин таҳаввул пас аз соли 2000 сурат гирифт ва пас аз пирӯзии 2006 тақвият шуд. Имрӯз Исроилиҳо мегӯяанд, ки Ҳизбуллоҳ таҳдиди стратегӣ ё таҳдиди марказӣ аст, аммо ман мехоҳам аз як таъбири мусбат истифода кунам чаро, ки Исроил мехоҳад бо ин таъбирот дунёро бар зидди мо кунад. Ончи душман онро таҳдид меномад, мо онро “қудрати дифоъӣ” ё “қудрати посухгӯӣ” меномем”.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, ки агар муқовимат ё озодсозии соли 2000 набуд, Трамп ҷануби Лубнонро ҳам ҳамонанди Қудс ва Ҷулон ба Исроил дода буд. Бинобар ин муқовимат қудрате аст, ки бояд онро ҳифз кард.

Ӯ дар идома хостори таъкид бар лубнонӣ будани мазореъи “Шибъо” ва баландиҳои “Кафаршубо” ва бахши лубнонии шаҳраки “Ал-Ғаҷар” шуд ва мавзеъи Мишел Авн ва фармондеҳи артиши Лубнон дар ин хусусро сутуд ва гуфт, ки муқовимат, мавзеъи байналмилалӣ дар хусуси заминҳои ишғолии Лубнонро таъйид ва аз он ҳимоят мекунад.

Сайидҳасан Насруллоҳ дарбораи оворагони фаластинӣ низ гуфт, ки конфронси иқтисодии Баҳрайн боби искони доимии оворагон дар Лубнон ва дигар кишварҳоро боз хоҳад кард аммо тамоми Лубнониҳо дар хусуси мавзӯъи оворагони фаластинӣ мавзеъи ягонае доранд.

Ӯ дар идома гуфт, ки мавзеъгирии забонӣ зидди искони доимии оворагон кофӣ нест ва бояд барномаи муштаракеро барои муқобила бо он тадвин кард. Насруллоҳ хостори дидоре миёни масъулони лубнонӣ ва фаластинӣ барои ин манзур шуд.

 

Мушкили оворагони сурӣ дар Лубнон сиёсӣ аст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар хусуси оворагони сурӣ дар Лубнон низ парда аз як тарҳи амрикоӣ-арабӣ бардошт ва гуфт, ки ҳамаи лубнониҳо дар мавриди зарурати бозгашти оворагони сурӣ ба кишваршон ҳарфи ягона доранд аммо дар хусуси чигунагӣ ва созу кори он ихтилоф вуҷуд дорад ва далели аслии он ҳам сиёсӣ аст ва ба интихоботи риёсатҷумҳурии Сурия марбут мешавад.

Ӯ тавзеҳ дод: “Давраи Башшор Асад дар соли 2020 ё 2021 ба поён мерасад ва Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ ба адами бозгашти оворагон пеш аз интихоботи риёсатҷумҳурӣ исрор доранд ва далели онҳо иртиботе ба масоили инсонӣ ё авзоъи амниятӣ надорад ва инки бархе дар Лубнон дар хусуси қатлу куштор ва боздошт дар Сурия сухан мегӯянд, бе асос аст”.

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт, ки Башшор Асад ба ӯ гуфтааст, ки тамоми тасҳилоти лозим барои бозгашти оворагонро дар ихтиёри онҳо қарор медиҳад аммо монеъи сиёсӣ вуҷуд дорад ва давлати Лубнон набояд сирфан ба хотири инки Амрико ва бархе кишварҳои арабӣ чунин мехоҳанд дар баробари ин монеъ кӯтоҳ биёяд.

Ӯ дар идома гуфт, ки оворагон барои бозгашт ба Сурия манъ мешаванд ва яке аз шаклҳои ин манъ шудан, тарсондани онҳо аз рафтани ба Сурия ё тарғибашон барои мондан дар Лубнон аст.

 

Мубориза бо фасод аз озодсозии ҷануби Лубнон душвортар аст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар бахши дигари суханони худ ба масъалаи мубориза бо фасод ва мавзӯъи молӣ ва будҷа ишора кард ва гуфт, ки Ҳизбуллоҳ илтизом дорад, ки бахше аз раванди мубориза бо фасод бошад аммо ин мавзӯъ ниёз ба сабр ва абзорҳои махсус ба худ ва ташкили парвандаҳои мухталиф дорад.

Ӯ таъкид кард: “Ман мегӯям, ки мубориза бо фасод аз ҷанги озодсозии ҷануб душвортар аст. Ин мавзӯъ ниёз ба замон ва талош ва ҳамкории ҳамагон дорад. Дар даргириҳои мусаллаҳона метавон амалиётеро ба як гурӯҳ ё ду гурӯҳ вогузар кард аммо дар мубориза бо фасод ниёз дорем то як муқовимати миллӣ шакл гирад ва мо бахши аслии ин мубориза ҳастем”.

Насруллоҳ дар идома хост то ҳар касе иттилоот ё нишонаҳое аз фасод дар Вазорати беҳдошт ё варзишу ҷавонон дошт ироа диҳад ва аз дигар гурӯҳҳо ва ҷараёнҳо низ хост то дар хусуси вазоратхонаҳои зери дасти хеш чунин равандеро дар пеш бигиранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад