Ба хоксупории қурбониёни ошуб дар зиндони шаҳристони Ваҳдати Тоҷикистон

Ба нақл аз расонаҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон, намози ҷанозаи Абдулсаттор Каримов маъруф ба Махдумсаттор таи маросими бошукуҳе дар маҳаллаи Абай ё Якум Савитски баргузор ва сипас ҷасади вай дар оромгоҳи Саросиёи шаҳри Душанбе ва дар наздикии марқадҳои Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода ду тан аз муъассисон ва раҳбарони пешини Ҳизби  наҳзати исломӣ ба хок супорда шуд.

Махдумсаттор, ки дар гузашта узви раёсати олии Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъаи наҳзати исломӣ буд, соли 2015 ба иттиҳоми мушорикат дар шуриши генерал Абдулҳалим Назарзода муовини вақти вазири дифои Тоҷикитсон боздошт ва соли 2016 ба 26 сол зиндон маҳкум шуд.

Иттиҳоме, ки ҳамвора аз сӯи худи ӯ ва Ҳизби  наҳзати исломӣ рад шудааст.

Аммо ҷасади Беҳрӯз Гулмуродзода фарзанди сарҳанги ба ДИИШ пайвастаи Гулмурод Ҳалимов бидуни намози ҷаноза дар рустои Дарраи фонии ҳумаи Душанбе тавассути кормандони полис ба хок супорда шуд.

Мақомоти ҳукуматии Тоҷикистон Беҳрӯз Гулмуродзодаро ба ҳамроҳи 3 зиндонии дигар аз тарроҳони аслии ошуб дар зиндони шаҳристони Ваҳдат эълом кардаанд.

Ӯ соли 2017 ба иттиҳоми қасди сафар ба Сурия ва пайвастан ба падарш ба 10 сол зиндон маҳкум шуда буд.

Ошуби шаби 19 май дар зиндони ёдшуда тибқи иттилои манобеъи расмии Тоҷикистон 32 кушта бар ҷой гузошт

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад