Ожонси атомӣ: Ба таъсисоти ҳастаии Эрон ҳеҷ осебе нарасидааст

Хабаргузории "Рейтерс" рӯзи ҷумъа бо истинод ба Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ хабар дод, ки ба таъсисоти ҳастаии Эрон хисорот ворид нашудааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ имрӯз (ҷумъа) эълом кард, ки дар пайи танишҳо бо режими саҳюнистӣ вазъи Эронро назорат мекунад.

Ожонси атомӣ дар баёнияе таъкид кард: “Мо таъйид мекунем, ки ҳеҷ осебе ба мавзеъҳои ҳастаии Эрон нарасидааст ва мо вазъро бодиққат мушоҳида мекунем.”

Ба гуфтаи хабаргузории Reuters дар ин баёния омадааст: “Мо бори дигар таъкид менамоем, ки иншооти ҳастаӣ ҳеҷ гоҳ набояд ҳадафи амалиёти низомӣ бошад”.

Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар робита ба талоши бемуваффақияти бархе аз агентҳо барои харобкорӣ дар Исфаҳон гуфт: “Мо ҳоло ҳам аз ҳама хоҳиш мекунем, ки ҳадди аксар худдорӣ нишон диҳанд.”

Субҳи имрӯз буд, ки дар осмони Исфаҳон 3 резпаранда мавриди ҳадафи сомонаҳои зидди ҳавоии Эрон қарор гирифта ва нобуд карда шуданд.

Расонаҳои Эрон ҳам гузориш доданд, ки таъсисоти ҳастаӣ дар вилояти Исфаҳон комилан амн аст ва хабари бархе аз расонаҳои хориҷӣ дар бораи садама дар ин таъсисот дурӯғ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад