Дидори вазири тоҷик бо сафири Нидерланд дар бораи густариши равобит

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Неку Шармерз, сафири Нидерланд дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Нидерланд дар Душанбе сатҳи ҳамкорӣ байни ду кишвар ва фурсатҳои густариши он баррасӣ шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Неку Шармерз, сафири Нидерланд дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард.

Тайи ин дидор, ки дар маҳалли Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон баргузор шуд, сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар ва имкони густариши он баррасӣ шуд.

Ҳамчунин дар мавриди амният дар минтақа, вазъият дар Афғонистон ва таҳдидҳо ва чолишҳои модерн монанди тағйироти иқлимӣ ва паёмадҳои онҳо, баҳс ва табодули назар анҷом гирифт.

Дар ин бора, баргузории севумин конфронси байналмилалии «об барои тавсеаи пойдор, 2018-2028» (рӯзҳои 10-13 июн 2024) дар шаҳри Душанбе ба унвони як тасмими муҳим ва ба мавқеъ баён шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад