Гузориши сомонаи Ал-Ахбор аз пешниҳоди саҳюнистҳо ба оташбас

Рӯзномаи Ал-Ахбори Лубнон матни пешниҳодии ҷадиди режими саҳюнистӣ дар музокироти оташбасро нашр кард.

Дар шароите, ки манобеи фаластинӣ аз ақибнишинии режими саҳюнистӣ аз мавозеи қаблии худ дар музокирот сӯҳбат мекунанд, як расонаи барҷастаи арабӣ матни санади пешниҳодии ин режим дар бораи оташбасро, ки чанд рӯзи қабл тавассути Миср ба Ҳамос таҳвил дода шуд, нашр кард.

Бар асоси иттилооте, ки ба дасти Ал-Ахбор расида, чаҳорчӯби ин тавофуқ бо ҳадафи озодии ҳамаи асирони саҳюнист дар Навори Ғазза, аз асирони низомӣ то ғайринизомӣ, зинда ва ё мурда аст. Ҳамчунин чаҳорчуби ин тавофуқ дар ҳамаи мароҳил ва давраҳои он ба оромиши пойдор ва иҷрои иқдомоте, ки сабаби расидан ба оташбас мешавад, таъкид дорад.

Ба гузориши Ал-Ахбор, чаҳорчуби ин тавофуқ шомили се марҳала аст, ки ба шакли зер мебошад:

Марҳалаи аввал (40 рӯз ва қобили тамдид)

– Таваққуфи муваққати амалиёти низомӣ аз сӯи ҳар ду тараф ва ақибнишинии неруҳои исроилӣ ба дур аз манотиқи пурҷамъият ба самти минтақае наздик ба марзҳо дар ҳамаи манотиқи Навори Ғазза.

– Таваққуфи ҳамаи амалиётҳои ҳавоӣ, чӣ низомӣ ва чӣ шиносоӣ дар Навори Ғазза ба муддати 8 соат дар рӯз ва ба муддати 10 соат дар рӯзҳои озодии асирон.

– Дар рӯзи ҳафтум баъд аз озодии ҳама асирони зани саҳюнист, неруҳои исроилӣ аз хиёбони Рашид ба самти имтидоди хиёбони Салоҳуддин ақибнишинӣ мекунанд, ба наҳве, ки вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза тасҳил шавад,амалиёти бозгашти оворагони ғайри мусаллаҳ ба манотиқи зиндагии худ оғоз гардад ва ғайринизомиён дар саросари манотиқи Навори Ғазза битавонанд озодона тараддуд кунанд.

– Дар рӯзи бистудувум баъд аз озодии ду севуми асирон неруҳои исроилӣ аз маркази Навори Ғазза ба вижа меҳвари майдони Ал-Кувайт ба минтақае наздик ба марзҳо ақибнишинӣ мекунанд, то оворагони ғайринизомӣ битавонанд ба маҳалли сукунат худ дар шимоли Навори Ғазза баргарданд.

– Вуруди миқдори кофӣ ва муносиб аз кумакҳои инсонӣ ва сӯхт ба ҳамаи манотиқи Ғазза тасҳил мешавад, то неругоҳҳои барқ роҳандозӣ гардад ва ҳамчунин имконоти лозим ҷиҳати анҷоми амалиёти оворбардорӣ фароҳам шавад ва бемористонҳо ва марокизи беҳдоштӣ ва нонвоиҳо дар саросари манотиқи Навори Ғазза фаъолияти худро аз сар бигиранд ва ин вазъият дар ҳамаи мароҳили тавофуқ идома хоҳад дошт.

Табодули асирон ва боздоштшудагон миёни ду тараф

– Бар асоси матни пешниҳоди режими саҳюнистӣ ҷунбиши Ҳамос ибтидо ҳадди ақал 33 асири зан ва марди исроилиро озод мекунад, ки шомили ҳамаи асирони зиндаи зан аз ҷумла низомӣ ва ғайринизомӣ ва афроди зери 19 сол ва болои 50 сол ва беморон ва маҷрӯҳон ҳастанд, дар муқобил, Исроил ба изои ҳар асири зани саҳюнистӣ, ки озод мешавад, 20 асири зан ва кӯдаки фаластиниро бар асоси феҳристҳои ироашуда тавассути Ҳамос озод мекунад.

– Бар ин асос Ҳамос ҳамаи низомиёни зани исроилиро, ки зинда ҳастанд, озод мекунад ва дар муқобил Исроил ба изои ҳар низомии зани худ, ки озод мешавад 40 асири фаластиниро, ки 20 нафар маҳкум ба ҳабси абад ва 20 нафари онҳо беш аз 10 сол аз муддати маҳкумияташон боқӣ намондааст, тибқи феҳристҳои ироашуда тавассути Ҳамос озод мекунад.

 Ҷадвали замонбандии мубодилаи асирон байни ду тараф дар марҳалаи аввал

– Бар асоси ин пешниҳод Ҳамос 3 асири исроилиро дар рӯзи аввали тавофуқ озод мекунад ва баъд аз он Ҳамос ҳар 3 рӯз якбор 3 асири дигарро озод мекунад, ки шомили ҳамаи асирони зан, низомӣ  ғайринизомӣ мешавад ва ин раванд то рӯзи 33 идома дорад. Исроил низ ҳамон маворидеро, ки тавофуқ шуда буд, анҷом медиҳад ва теъдоди мушаххасшуда аз асирони фаластиниро озод мекунад.

– Бар ин асос ҳаддиаксар то рӯзи ҳафтум Ҳамос бояд феҳристе аз ҳамаи асирони исроилии боқимондаро ироа кунад, то дар рӯзи 34-уми тавофуқ озод шаванд; яъне рӯзи тавофуқ барои таваққуфи амалиёти низомӣ барои чанд рӯз. Дар изои он тарафи исроилӣ ҳамон теъдоди асирони фаластиниро, ки қаблан бар сари онҳо тавофуқ шуда буд, озод хоҳад кард.

– Таваҷҷуҳ аст, ки амалиёти табодули асирон ба мизони тааҳҳуд ба бандҳои тавофуқ аз ҷумла дар заминаи таваққуфи амалиётҳои низомӣ ва ақибнишинии неруҳо, бозгашти оворагон ба манотиқи худ ва вуруди кумакҳои инсонӣ ба Навори Ғазза муртабит аст.

– Ҳамчунин ҳеҷ як аз асирони озодшудаи фаластинӣ набояд дубора боздошт шаванд.

– Ҳаддиаксар то шонздаҳумин рӯз аз марҳалаи аввали тавофуқ ва баъд аз озодии ниме аз асирони исроилӣ гуфтугӯҳои ғайри мустақим миёни ду тараф дар хусуси тавофуқ бар сари тамҳидоти лозим ҷиҳати бозгашти оромиши пойдор оғоз хоҳад шуд.

– Созмони Милали Муттаҳид, ожонсҳои марбута ва дигар созмонҳои байналмилалӣ кори худро дар ироаи хадамоти башардӯстона дар тамоми манотиқи Навори Ғазза анҷом медиҳанд ва ин масъала дар тамоми мароҳили тавофуқ идома дорад.

– Кори бозсозии зерсохтҳои барқ ва об ва беҳдошт ва иртиботот ва ҷодаҳо дар тамоми манотиқи Навори Ғазза оғоз мешавад ва баъд аз анҷоми ҳамоҳангиҳои лозим таҷҳизоти марбута барои тимҳои дифои маданӣ ҷиҳати анҷоми амалиёти оворбардорӣ вориди Навори Ғазза мегардад ва ин масъала дар тамоми мароҳили тавофуқ идома дорад.

– Иқдомоте ҳам барои эҷоди кампҳои сарпаноҳӣ ҷиҳати искони оворагоне, ки хонаҳои худро дар тӯли ҷанг аз даст додаанд, анҷом мешавад.

– Аз рӯзи чаҳордаҳуми тавофуқ теъдоди мушаххасе аз маҷрӯҳони низомӣ метавонанд аз тариқи гузаргоҳи Рафаҳ барои дарёфти хадамоти дармонӣ ба хориҷ аз Ғазза мунтақил шаванд.

Марҳалаи дувум (42 рӯз)

– Ин марҳала шомили такмили тавофуқ дар бораи тамҳидоти лозим ҷиҳати бозгашт ба оромиши пойдор ва эълони лозимулиҷро шудани он қабл аз шуруи табодули асирон байни ду тараф аст, ки дар инҷо дар бораи озодии асирони исроилии боқимонда дар Навори Ғазза, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд ва шомили асирони марди низомӣ ва ғайринизомӣ мешаванд дар муқобили озодии теъдоди тавофуқшуда аз асирони фаластинӣ дар зиндонҳои режими ишғолгар ва ҳамчунин боздоштшудагони фаластинӣ, ки дар тӯли ҷанги Ғазза тавассути артиши Исроил дар ин минтақа боздошт шуданд ва дар урдугоҳҳо ҳабс ҳастанд, сӯҳбат мекунем.

– Ин марҳала ҳамчунин шомили ақибнишинии неруҳои исроилӣ ба хориҷ аз Навори Ғазза ва оғози иқдомоти лозим ҷиҳати анҷоми амалиёти бозсозии ҳама хонаҳо ва зерсохтҳои мадании Ғазза мешавад, ки дар тӯли ҷанг вайрон шудааст.

Марҳалаи севум (42 рӯз)

– Дар ин марҳала ҳамаи ҷасадҳои мурдагони ду тараф баъд аз шиносоии онҳо мубодила мешаванд.

– Дар марҳалаи севум ҳамчунин иҷрои тарҳи бозсозии Ғазза ба муддати 5 сол шомили бозсозии хонаҳо ва зерсохтҳои маданӣ оғоз мегардад ва тарафи фаластинӣ набояд ҳеҷгуна таҷҳизот ё маводи аввалия ва имконоти дигар барои аҳдофи низомӣ вориди Ғазза кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад