Эрон: Каблу баъди амалиёти Ваъдаи содиқ ба амрикоиҳо паём додем

Вазири умури хориҷаи Эрон иброз дошт, ки ин кишвараш пеш ва баъд аз ҳамлаи талофиҷӯёна ба Исроил ба амрикоиҳо паём додааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, ки ба манзури ширкат дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Фаластин ба Нию-йорк сафар карда гуфт: Ба далели ин ки режими Исроил дар як иқдоми террористӣ, сафорати Эронро дар Димишқ басурати мустақим ҳадаф қарор дод, ва мо муддатҳо бо дарки шароити минтақа хештандорӣ карда будем ва мураттаб ба дабири кулли Созмони Милал эълом мекардем, ки Шӯрои амният бояд ба вазифаи худаш барои муқобила бо ин иқдомоти режими Исроил амал кунад; аз замоне, ки Эрон тасмим гирифта шуд, ки дар чорчуби ҳуқуқи байналмилал ва дифои қонунӣ, посухи лозим ба режим Исроил дода шавад ва ҳушдору танбеҳи лозим сурат бигирад, мо Амрикоро огоҳ кардем.

Вазири умури хориҷаи Эрон иброз дошт: Ба амрикоиҳо ба сароҳат ва равшанӣ гуфтем, ки тасмим дар Эрон дар Шӯрои олии амнияти миллӣ ба раёсати раисҷумҳури кишварам барои посух додан ба режими Исроил қатъӣ аст ва паёмҳое ҳам қабл аз амалиёт табодул шуд ва ҳам баъд аз ин ки иқдоми амалиёти Ваъдаи содиқ анҷом шуд, соат тақрибан 2-ву ними бомдоди якшанбеи ҳафтаи ҷорӣ, паёми дигареро ба Амрико аз маҷории дипломатик ирсол кардем ва ба сароҳат ва равшанӣ ба Амрико дар ин паёмҳо саъй кардем бигӯем мо ба дунболи тавсеаи таниш дар минтақа нестем. Он чизе, ки тавсеаи таниш дар минтақаро метавонад афзоиш диҳад, рафторҳои режим саҳюнистӣ аст.

Амирабдуллоҳиён тасреҳ кард: Қабл аз амалиёти Ваъдаи содиқ ба тарафи амрикоӣ ба равшанӣ гуфтем, ки мо пойгоҳҳову манофеи Амрикоро дар минтақа ҳадаф қарор нахоҳем дод, магар дар шароите, ки дар посухе, ки ба режими Исроил медиҳем, иқдомеро Амрико бихоҳад дар ҳимояти ҷангӣ аз режими саҳюнистӣ анҷом диҳад.

Вай афзуд: Табодули паёмҳо ба вижа аз канали Швейтсария ба унвони ҳофизи манофеи Амрико ва маҷории расмии дипломатик бо ҳадафи ин ки дарки дурусте аз иқдоми Эрон ба вуҷуд ояд ва бо ҳадафи кантроли ҷилавгирӣ аз тавсеаи таниш ва буҳрон дар минтақа, байни мо ва Амрико шаклгирифта ва анҷом шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад