Боздошти 2 узви тоҷикистонии ДИИШ дар марзи Афғонистон бо Эрон

Як расонаи наздик ба Толибон эълом кард, ду узви тоҷикистонии ДИИШ дар марзи Афғонистон бо Эрон дастгир шуданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, як расонаи наздик ба Толибон гузориш дод, ки неруҳои амниятии ҳайати ҳокимаи Афғонистон ду шаҳрванди тоҷикистонии узви гуруҳи террористии ДИИШ-ро дар вилояти Нимрӯз боздошт кардаанд.

Ин расона гузориш дод аъзои боздошт шуда ДИИШ мегӯянд шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд ва замоне, ки дар Русия зиндагӣ мекарданд ба ин гуруҳи террористӣ даъват шуда буданд.

Бар асоси ин гузориш, ин ду узви ДИИШ мегӯянд ҳангоме, ки мехостанд барои омӯзиши низомӣ ва динӣ ба шаҳри Кувайтаи Покистон бираванд, тавассути Толибон боздошт шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад