Кушта шудани 7 шаҳрванди Афғонистон дар марзи кишвар

Манобеи маҳаллӣ мегӯянд неруҳои марзии Тоҷикистон ҳадди ақал 7 шаҳрванди афғонистониро, ки ба сурати ғайриқонунӣ вориди хоки кишвар шуда буданд, парондаанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, “Ҳашти Субҳ” гузориш дод, ки ин ҳодиса сешанбе гузашта дар нуқтаи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон рух додааст.

Манобеи хабарӣ афзуданд, ки ин ҳодиса пас аз он рух дод, ки ин афрод аз тариқи деҳаи марзии Навободи шаҳристои Чоҳоби вилояти Тахор вориди Тоҷикистон шуда буданд.

Ба гуфтаи манобеи хабарӣ, ин афрод бо гумони қочоқи маводи мухаддир мавриди ҳадафи неруҳои марзии Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Афроди кушта шуда аз сокинони вилоятҳои Тахор ва Бадахшон ҳастанд ва ҷасади ду нафари онҳо дар шаҳристони Чоҳоби Тахор ба хок супорида шудааст.

Ҳувияти афроди кушта шуда ҳануз маълум нест.

Мақомоти маҳаллии Толибон дар Тахор ва мақомоти Тоҷикистон ҳануз дар маври расмӣ дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад