Ҳамлаи террористӣ ба консулгарии ҶИЭ – Телавив ба дунболи чист?

Коршиносон мӯътақиданд, ки посухи Теҳрон ба таҷовузи ахири режими саҳюнистӣ ба мақарри консулгарии ҶИЭ дар Димишқ қатъӣ аст ва бояд дид Теҳрон чӣ замон ва макони муносиберо барои ин посух интихоб хоҳад кард.

Коршиносон мӯътақиданд, ки посухи Теҳрон ба таҷовузи ахири режими саҳюнистӣ ба мақарри консулгарии ҶИЭ дар Димишқ қатъӣ аст ва бояд дид Теҳрон чӣ замон ва макони муносиберо барои ин посух интихоб хоҳад кард.

Рӯз душанбе 1-и апрел, ҷангандаҳои F- 35 ва вобаста ба нерӯи ҳавоии артиши Исроил бо вуруд ба осмони Ҷавлони ишғолӣ ба василаи шаш мушаки ҳидоятшавнда сохтмон консулгарӣ ва маҳалли сукунати сафири Эрон дар Димишқро ҳадаф қарор доданд. Бо вуҷуди ташдиди иқдомоти майдонӣ барои ёфтани ҷасадҳои ҷонбохтагони эҳтимолӣ, ин ҷиноят, то ин лаҳза теъдоди қурбониёни ин ҳамлаи террористӣ аз 7 то 13 нафар ва захмиҳо 12 нафар эълон шуданд. Дар миёни шаҳидони ин ҳодиса номи сардор Муҳаммади Зоҳидӣ аз фармондеҳони нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони ҶИЭ; муовин вай сардор Муҳаммадҳодии Ҳоҷӣ Раҳимӣ, сардор Ҳусайни Амонуллоҳ, раиси ситоди кулли Сипоҳи посдорони ҶИЭ дар умури Сурия ва Лубнон ва тане чанд аз мусташорони эронии ҳозир дар Сурия ба чашм мехӯрад. Дар идомаи ин гузориш таҳлиле пас аз баррасии мухтасари таърихчаи террорҳои ҳадафманди режими саҳюнистӣ алайҳи фармондеҳон эронӣ дар Сурия ба баррасии аҳдоф ва паёмадҳои ин иқдоми террористӣ ва таҷовузи ошкор ба хоки Эрон хоҳем пардохт.

Террорҳои саҳюнистӣ алайҳи муқовимат

Пас аз фурӯкаш кардани фитнаи ДОИШ ва террористҳои такфирӣ дар хоки Сурия, артиши режими саҳюнистӣ бар асоси роҳбурди «ҳазор ханҷар» ҳамла ба маҳалли искони нерӯҳои муқовимат, анборҳо, фурудгоҳҳо, нерӯҳо ва мусташорони низомии Эронро дар дастури кори худ қарор дод. Телавив барои амалиётӣ кардани ин роҳбурд бар асоси тарҳи баландмуддат ва ба сурати гом ба гом доманаи ҳамлаҳо алайҳи манофеъ ва нерӯҳои муқовиматро тавсеа дод. Пас аз амалиёти Тӯфони Ақсо ва ҳамлаҳои якпорча ва ҳадафманди меҳвари муқовимат алайҳи режими саҳюнистӣ, мизони фаъолияти террорҳои исроилӣ дар Сурия ва Лубнон афзоиши чашмгире пайдо кард.

Ба унвони мисол 25-и декабри соли 2023 шаҳид Сайид Разии Мусавӣ, дипломат ва ройзани дувуми сафорати Эрон дар Димишқ, аз ҷумла мусташорони бособиқаи Сипоҳи посдорони Эрон дар Сурия ва шахсиятҳои калидии бахши лоҷестики ҷабҳаи муқовимат дар Сурия ва Лубнон аз сӯи артиши Исроил мавриди ҳадаф қарор гирифт. Ба гуфтаи Ҳусайни Акбарӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Сурия, манзили вай тавассути се мушаки артиши Исроил ҳадаф қарор гирифт ва шаҳид Разӣ ба дидори ҳақ шитофт.

Террори шохиси дигари саҳюнистҳо дар моҳҳои ахир, ҳадаф қарор гирифтан сардор Ҳоҷӣ Содиқи Умедзода, муовини иттилооти нерӯи Сипоҳи қудси Сипоҳи посдорони ҶИЭ ва ҷонишини вай Ҳоҷӣ муҳаррам дар ҳамлаи артиши Исроил ба Димишқ буд. Дар ҷараёни ин ҳамлаи террористӣ, ҷангандаҳои саҳюнист сохтмони сетабақаро, ки нерӯҳои амниятии Эрон дар он сокин буданд, ҳадаф қарор доданд. Пеш аз ин мошини террори Исроил мусташорони баландпояи эронӣ монанд шаҳидон Муртазо Саиднажод, Эҳсони Карбалоипур, Муҳаммадали Атоии Шӯрча, Паноҳ Тақизода ва Ҳуҷҷатуллоҳ Умедворро ҳадаф қарор дода буданд, аммо ҳеҷ як аз иқдомоти боло натавонист то иродаи Эрон барои ҳимоят аз давлати қонунии Димишқ ва тақвияти меҳвари муқовиматро суст намояд.

Ҳадаф аз террори фармондеҳони Нерӯи қудс чист?

Танҳо соате пас аз ҳамлаи Исроил ба сохтмони консулгарии Эрон дар Димишқ манобеи мухталиф дар ҳоли баршумурдани далелҳои гуногун дар хусуси домана ва аҳдофи ин ҳамла ҳастанд. Донил Ҳогори сухангӯи артиши Исроил соатҳое пас аз ин иқдоми террористӣ, бидуни ишора ба ин ҳодисаи террористӣ дар баробари дурбинҳои телевизионӣ ҳозир шуд ва аз ҳамлаи паҳподии муқовимати Ироқ ба нерӯи дарёии ин режим дар шаҳри Илот хабар дод! Бархе таҳлилгарон бо ишора ба тасвиби қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал ва дархости ҷомеаи ҷаҳонӣ аз режими саҳюнистӣ барои таваққуфи наслкушӣ дар навор Ғазза, ҳамлаи ахири саҳюнистҳо ба Димишқро навъе талоши Нетаняҳу барои дастовардсозӣ дар пешгоҳи афкори умумии Исроил ва талош барои густариши ҷанг дар ҷабҳаи шимолӣ арзёбӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки кобинаи изтирори миллии Исроил бо роҳандозии корзори таблиғотӣ қасд дорад ҳамла ба Рафаҳро ба навъе муҳри поён бар ҳаёти сиёсӣ- низомии Ҳамос нишон диҳад, сафари Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос ва Зиёд Нухола, дабири кулли Ҷиҳоди исломии Фаластин ба Эрон нишондиҳандаи тадовуми ҳаёти қудратманди муқовимат ба рағми бозиҳои расонаии Исроил аст. Силсилаи таҳаввулоти фавқ сабаби коҳиши чашмгири иқболи раъйдиҳандагони исроилӣ ба Нетаняҳу ва муттаҳидони ростгарои вай дар кобина шудааст. Дар чунин шароите кобинаи феълии Исроил талош мекунад бо думбол кардани анвои моҷароҷӯиҳои сиёсӣ-низомӣ дар ҷабҳаи мухталиф шонси худ барои бақо дар қудрат ва пирӯзӣ дар интихоботҳои ояндаи Исроилро имтиҳон намояд.

Паёмадҳои таҷовузи Исроил алайҳи хоки Эрон

Артиш ва дастгоҳҳои иттилоотии вобаста ба режими саҳюнистӣ пеш аз ҳамлаи рӯзи душанбе ҳамвора пойгоҳҳо ва марокизи ғайрисёсии вобаста ба Нерӯи Қудс, аъзои меҳвари муқовимат ё давлати Сурияро ҳадаф қарор медоданд. Бо ин ҳол ба назар мерасад мақомоти исроилӣ тасмим гирифтанд то бо ҳамла ба марокизи дипломатики вобаста ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, сатҳ ва майдони набард бо Эронро тағйир диҳанд. Бар асоси кунвонсиюни Виен ҳамла ба марокизи дипломатики кишварҳо дар ҳукми ҳамла ба хоки он бахши сиёсӣ маҳсуб мешавад. Ин мавзӯъ ҷузъе аз масоили қатъӣ ва истиснонопазири ҳуқуқи байналмилал аст, то ҳадде, ки кишварҳо дар ҳангоми ҷанг низ бояд масунияти маконҳои дипломатикро мӯҳтарам шумурда ва ба онҳо ҳамла накунанд. Бар ҳамин асос Носир Канъонӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи ҶИЭ дар изҳори назаре хостори маҳкумияти ин ҷиноят аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милал ба шадидтарин лаҳн шуд. Бинобарин Ҷумҳурии Исломии Эрон ин ҳақро дорад то ба сурати комилан қонунӣ ва машрӯъ посухи ин таҷовузи низомиро бидуни ҳеҷгуна таъқиби байналмилалӣ бидиҳад ва Телавив пас аз посухи эҳтимолии Эрон наметавонад Эронро муттаҳам ба нақзи қавонини байналмилалӣ кунад.

Дар чунин шароите арзёбии аввалияи таҳлилгарон он аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон низ сатҳи посух ба иқдомоти Исроилро афзоиш хоҳад дод. Дар ин муодила Теҳрон ба танҳоӣ ин ҳаққу тавонро дорад, ки ба таҷовузи саҳюнистҳо посух диҳад ва дар айни ҳол метавонад бо ҳамоҳангии муттаҳидони худ дар саросари минтақа дар замон ва макони муносиб ба ин ҷиноят посух диҳад. Бо таваҷҷуҳ ба изҳори назари мақомоти расмии давлати Эрон то ин лаҳза ба назар мерасад посухи мутақобили Теҳрон масъалаи қатъӣ аст, аммо доманаи ин посух ба ҳеҷ ваҷҳ мушаххас нест.

Бархе расонаҳои ғарби монанди Фокс-ниюз мӯътақиданд, ки посух ба ҳамлаи Исроил паёмадҳои бисёр ҷиддӣ дар саросари минтақа хоҳад дошт. Дар даврони ҷадид Эрон илова бар имкони ҳадаф қарор додани марокизи дипломатики Исроил дар саросари ҷаҳон ва қарор додани фармондеҳони аршади Исроил дар листи сиёҳ, метавонад листи баландболо аз марокизи ҳассоси Исроил монанди бандарҳо, фурудгоҳҳо, марокизи тиҷорӣ ва пойгоҳҳои низомиро дар бонки аҳдофи худ қарор диҳад. Посухи ҳамсатҳ ва боздорандаи Эрон ба шаҳодати фармондеҳони аршади муқовимат дар Димишқ метавонад муҳри поёне бар солҳо таҷовуз ва беэътиноии Исроил ба тамомияти арзии кишварҳо, қавонини байналмилалӣ ва амнияти ҷаҳонӣ бошад.

Натиҷа

Дар таърихи мубориза миёни меҳвари муқовимат ва режими саҳюнистӣ, аз ҳамла нерӯи ҳавоии артиши Исроил ба марокизи дипломатики Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ ба унвони як нуқтаи атф ёд хоҳад шуд. Фармондеҳони низомӣ-амниятии Исроил бидуни таваҷҷуҳ ба қавонини байналмилалӣ гузинаи ҳамлаи низомӣ ба “хоки Эрон”-ро интихоб карда ва фасли ҷадид аз набард миёни Теҳрон-Телавивро оғоз карданд. Бо онки мақомоти тасмимгир дар Теҳрон собит карданд, ки бо тадбир ва сабр таҳаввулоти майдониро пайгирӣ карда ва дар доми иқдомоти таҳрикомези саҳюнистҳо нахоҳанд афтод, аммо посухи сахт ба ин густохии Исроил масъалаи дур аз зеҳн ба назар намерасад. Ҳоло бояд мунтазир монд ва дид, ки дар рӯзҳои оянда Эрон ва меҳвари муқовимат чӣ замон ва маконеро барои посух ба ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ интихоб хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад