Ба тасвиб расидани созишномаи нав байни Тоҷикистон ва Покистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон якчанд созишномаи байналмилалиро ба тасвиб расонд, ки созиш бо ҳукумати Покистон дар бахши ҳамлу нақл аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон якчанд созишномаи байналмилалиро ба тасвиб расонд, ки созиш бо ҳукумати Покистон дар бахши ҳамлу нақл аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Ба гузориши манбаъ:

Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурии исломии Покистон дар бораи тиҷорати транзитӣ ба тасвиб расид.

Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иттилоъ дод.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки созишномаи мазкур миёни ҳукуматҳои ду кишвар моҳи декабри соли 2022 дар шаҳри Исломобод ба имзо расида, аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон барои тасвиб ба парлумон пешниҳод гардидаст.

Мақсади асосии созишнома таҳкими савдои дуҷониба, табодули мол ва хизматрасонӣ дар байни ду мамлакат арзёбӣ шудаст, ки мустақиман ё тариқи кишвари сеюм амалӣ мегардад. Санади мазкру ҳаракати сарҳадӣ, тафтиши мол анҷоми расмиёти гумрукиро фаро мегирад, омадааст дар иттилоия.

Душанбею Исломобод азм доранд, ҳамкориҳороо таҳким бахшанд. Ахиран вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои покистонияш Биловал Бҳуто Зардарӣ дар Ҳиндустон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ таҳкими муносиботро баррасӣ краданд.

Инчунин ахиран Покистон сафири навашро дар Душанбе таъйин кард. Муҳаммад Саид Сарвар сафири нави фавқулодда ва мухтори Покистон дар Тоҷикистон таъйин гардид.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои покистонияш густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард, ки масоили минтақавӣ аз мавзуъҳои меҳварии он будаанд.

Мақомоти тоҷику покистонӣ маҷмуи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, байналмилалӣ ва минтақавӣиро баррасӣ карданд.

Ба иттилои ВУХ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои покистонияш Биловал Бҳуто Зардарӣ дар Ҳиндустон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ мулоқот кард.

Дар ҷарёни мулоқот маҷмуи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасии тарафайн қарор доштанд, омадааст дар иттилоия.

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар ҳолест, ки ахиран Покистон сафири навашро дар Душанбе таъйин кард. Муҳаммад Саид Сарвар сафири нави фавқулодда ва мухтори Покистон дар Тоҷикистон таъйин гардид.

Маврид ба зикр аст, ки аз соли 2019 дар мақоми сафири Покистон дар Душанбе Имрон Ҳайдар кор мекард.

Тоҷикистону Покистон ба таври дуҷониба ва ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкорӣ доранд. Аз ҷумла ҳарду кишвар узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошанд.

Инчунин ду кишварро Афғонистон пайванд мекунад, ки субот дар он ҷо барои рушди муносиботи ду кишвар муҳим арзёбӣ мешавад.

Қаблан сафири Тоҷикистон дар Покистон, Исматулло Насриддин таъкид дошта буд, ки манфиатҳои муштараки ду кишвар ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон рабт доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад