Сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон ҷинояти саҳюнистҳо дар Димишқро маҳкум кард

 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе зимни нашри баёняе ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқро ба шиддат маҳкум кард.

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе зимни нашри баёняе ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқро ба шиддат маҳкум кард.

Дар ин баёния омадааст: режими номашруи саҳюнистӣ дар идомаи сиёсатҳои ҷинояткоронаи худ даст ба иқдоми ваҳшиёнаи дигаре зад ва бо ҳадаф қарор додани бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Сурия ва ба шаҳодат расондани теъдоде аз дипломатҳо ва мусташорони низомии Эрон, барги дигаре аз ҷиноятҳои ҷангӣ ва ноҷавонмардонаи худро рақам зад.

Ин ҳамла, ки нақзи фоҳиши муқаррароти байналмилалӣ аз ҷумла конвансиуни ҳуқуқ ва масуниятҳои дипломатики 1961-и Виен аст, нишон дод режими ҷаълии саҳюнистӣ, ки ин рӯзҳо бо шикастҳои ҷуброннопазири худ дар баробари муқовимати Фаластин, ба вежа мардуми Ғазза ва саришкстагии муқобили иродаи пӯлодини размандагони ҷабҳаи муқовимати исломии минтақа рӯбарӯ аст, марзҳои ҷунун ва ҷиноятро дарнавардидааст.

Ин сафорат бо маҳкум намудани шадиди ин ҷиноят таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ муҳимтарин таҳдид алайҳи амният ва сулҳи байналмилалӣ аст ва зарурӣ аст ин иқдом аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкоро маҳкум шуда ва тамоми абзорҳо барои посухгӯии ин режим ба кор гирифта шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад