Шӯрои Амният ҳамла ба сохтумони консулгарии Эронро баррасӣ мекунад

Шӯрои Амнияти Созмони Милал қарор аст имрӯз нишасти фавқулоддае барои баррасии ҳамлаи ҳавоии режими саҳюнистӣ ба сохтумони консулгарии Эрон дар Димишқи Сурия баргузор кунад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҳайати доимии Русия дар Созмони Милал аз баргузории нишасти Фавқулоддаи Шӯрои Амният ба дархости ин кишвар дар робита бо ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба сохтумони консулгарии Эрон дар Димишқи Сурия хабар дод.

Дар иттилоияи намояндагии Русия дар Созмони Милали омадааст: «Русия дархости ташкили ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар робита бо ҳамлаи Исроил ба таъсисоти дипломатики Эрон дар Сурияро додааст; Ин нишаст имрӯз (2 апрел) баргузор хоҳад шуд».

Пеш аз ин низ намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милал зимн дархости баргузории нишасти фаврии Шӯрои Амният, гуфта буд: «Ҳаққи машрӯъ ва зотии худро бар асоси қавонини байналмилалӣ ва маншури милал барои посухи қотеъ ба ингуна иқдомоти террористӣ маҳфуз медонем».

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ғуруби душанбе сохтумони консулгарии Эрон дар Димишқи Сурияро ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ қарор доданд.

Ҳусайни Акбарӣ, сафири Эрон дар Димишқ дар ин бора гуфтааст: «Ин сохтумони консулгарии бо ҷангандаҳои F-35 ва 6 мушак мавриди ҳамла қарор гирифт».

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ низ дар баёнияе гуфт: «Ҳавопаймоҳои ин режими ҷаълӣ дар ҷинояти ҷадиди сохтумони консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқро мавриди ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор дод, ки бар асари ин ҷиноят, сардорони рашиди мудофеи ҳарам “Сартип посдор Муҳаммадризо Зоҳидӣ” ва “Сартип посдор Муҳамадҳоди Ҳоҷи Раҳимӣ” аз фармондиҳон, пешкисватон ва  ҷонбозони сарафрози дифои муқаддас ва  мусташорони низомии аршади Эрон дар Сурия ва 5 нафар (Ҳусайни Амонуаллоҳӣ, Сайидмаҳдии Чалолатӣ, Муҳсини Садоқат, Алиоқои Бобоӣ, Сайидали Солеҳи Рӯзбаҳонӣ) аз афсарони ҳамроҳи онон ба файзи шаҳодат ноил омаданд.

 

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ бо маҳкумияти шадиди ин ҷиноят ва табрику таслияти шаҳодати шуҳадои гаронқадр ба маҳзари Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ва  фармондеҳии муаззами кули қуво ҳазрати Имом Хоманаӣ хонаводаҳои муаззам ва  ҳамразмони онон ва  оҳоди миллати шариф ва  қадршиноси Эрони Исломӣ тасреҳ кард, барномаҳои интиқол, ташиъ ва  хоксупории пайкари мутаҳҳари шуҳадо дар оянда иттилоъ расонӣ хоҳад шуд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад