Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба бинои консулгарии Эрон дар Димишқ

Асри рӯзи гузашта ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба бинои консулгарии Эрон дар пойтахти Сурия ҳамла карданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, асри дирӯз Исроил бинои консулгарии Эрон дар Димишқ, пойтахти Сурияро мавриди ҳамалоти ҳавоӣ қарор дод.

Сафири Эрон дар Сурия дар ин робита гуфт: Режими саҳюнистӣ бо ҳавопаймоҳои ҷангии F-35 ва 6 мушак аз осмони Ҷӯлони ишғолшуда ба бинои консулгарии Эрон ҳамла кард.

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон тайи баёнияе гузориш дод, ки дар пайи ин ҳамла 7 нафар аз машваратчиёни ин кишвар аз ҷумла ду генерал дар кишвари Сурия ба шаҳодат расидаанд.

Сипоҳи Посдорон эълом кард, ки Исроил барои кам кардани бори шикасти худ дар баробари муқовимати Фаластин ва истодагии мардуми Ғазза даст ба чунин ҷинояте задааст.

Ин ниҳод ҳамчунин ин ҷиноятро ба шиддат маҳкум кард.

Шабакаи хабарии ФоксНиюз пас аз ин ҳамла гузориш дод, ки ҳамлаи Димишқ паёмадҳои ҷиддӣ дар саросари Ховари Миёна хоҳад дошт. Ҳадаф, макон ва замони ҳамла бисёр муҳим ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад