Ривоятҳои ҳайратангези шоҳидон аз ҷиноятҳои неруҳои Исроил дар маҷмааи Ал-шифо

Шоҳидони ҷиноёти саҳюнистҳо дар бемористони Ал-шифо ва атрофи он мегӯянд, ваҳшигариҳои ишғолгарон дар ин ҷо ғайри қобили тасаввур буда ва неруҳои душман пас аз раҳо кардани сагҳои ваҳшӣ ба самти мардум мардонро кушта ва занонро таҷовуз карданд ва онҳоро ба фирор маҷбур карданд.

Пас аз ҷинояти ваҳшатноки низомиёни Исроил дар маҷмааи тиббии Ал-шифо дар ғарби Ғазза ва кушта шудани шуморе аз занони бедифои фаластинӣ, аз ҷумла чанд зани ҳомила, пас аз таҷовуз ба онҳо, ҷиноятҳои ваҳшиёнаи артиши ишғол дар ин бемористон хатти аввали хабарҳои чанг дар Газза шуд ва дар бораи чиноятхои пай дар пайи саҳюнистҳо дар ин бемористон хабархои нав нашр мешавад.

Дарду бераҳмие, ки ҳатто кӯҳҳо тоқат карда наметавонанд

“Дарду зулме, ки кӯҳҳо ҳам тоқати онро надоранд”, ин ҷумлаест, ки бозмондагони ҷиноёти нозиҳои саҳюнист дар маҷмааи тиббии Ал-шифо мегӯянд.

Ривоятҳое, ки бозмондагони ин ҷиноятҳо, аз ҷумла оворагону хабарнигорон ва… Аз ваҳшигарии низомиёни саҳюнист дар бемористони Ал-шифо ироа медиҳанд, чизҳое аст, ки ҳатто ба зеҳни башар ҳам намерасад; он ҳам дар рӯзгоре, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ иддаои демокрасӣ, дифоъ аз ҳуқуқи башар ва фарҳангу тамаддунро дорад.

Куштор, шиканҷа, истифода аз ғайринизомиён ба унвони сипари инсонӣ, озору азият ва куштори дастаҷамъонаи кӯдакон ва дар ниҳоят таҷовуз ба занони ҳомиладор муқобили чашмони хонавода ва ҳамсарони онҳо ҷиноятҳои даҳшатноке аст, ки низомиёни ваҳшии Исроил дар баробари чашми ҷаҳониён анҷом медиҳанд; бидуни ин ки ҷомеаи байналмилалӣ иқдоме барои истодан дар баробари ин нозиҳои ваҳшӣ анҷом диҳад.

Ишғолгарон сагҳои ваҳширо ба рӯи ғайринизомиён андохтанд

Яке аз занони фаластинӣ дар шаҳри Ғазза, ки шоҳиди ҷиноёти саҳюнистҳои фашист алайҳи ғайринизомиён дар шаҳри Ғазза ва мушаххасан бемористони Ал-шифо ва атрофи он буд ва бо пои пиёда ба ҳамроҳи фарзандонаш дар шарҳи ҷиноёти неруҳои душман мегӯяд: Низомиёни душман сагҳои ваҳширо раҳо карданд то ба ғайринизомиён ҳамла кунанд ва мардонро куштанду занонро маҷбур ба фирор карданд.

Вай идома дод: Неруҳои артиши душман бо ҳамла ба манотиқи атрофи бемористони Ал-шифо мардонро куштанду занонро маҷбур карданд ба самти ҷануби Ғазза овора шаванд. Мо нишаста будем ва ногаҳон дидем низомиёни душман бо танк ворид шуданду моро аз хонаҳо берун кашиданд ва сагҳои ваҳшии худро раҳо карданд то ба мо ҳамла кунанд. Онҳо падарбузурги ҳамсарам ва амакамро муқобили чашмони мо куштанд.

Ин зани фаластинӣ дар идомаи ривояти худ аз ҷиноёти ишғолгарон гуфт, ки хиёбонҳои атрофи бемористони Ал-шифо пур аз ҷасади қурбониёне аст, ки тавассути артиши Исроил дар ҳамла ба атрофи бемористон кушта шудаанд. Ман ба ҳамроҳи фарзандонам бо пои пиёда роҳи бисёр тӯлониро тай кардем то ба ҷануби Навори Ғазза бирасем.

Дар наворе, ки аз ин зани фаластинӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, нишонаҳои тарсу хастагӣ дар сурати ӯ комилан равшан аст ва ӯ дар ҳоле, ки духтари ширхорашро дар оғӯш гирифта ва ду фарзанди кучакаш канори ӯ роҳ мерафтанд бисёр ваҳшатзада буд.

Созмони Милал ва ҷаҳони араб дар куҷоянд?

Ӯ мегӯяд ҷиноёте, ки ишғолгарон дар бемористони Ал-шифо ва атрофи он анҷом доданд ғайриқобили тасаввур аст ва мардуми Ғазза фикр мекунанд магар чи гуноҳе кардаанд, ки бояд ин мусибатҳои даҳшатнок ба сарашон ояд.

Ин зани бедифои фаластинӣ дар идомаи суҳбатҳои худ гуфт, ки бетафовутии ҷаҳони араб ва Созмони Милали Милал ба фоҷиаҳое, ки мардуми Фаластин бо он рӯбарӯ ҳастанд бисёр аҷиб ва ваҳшатнок аст.

Ҳамчунин дигари шоҳидони ҷиноёти саҳюнистҳо дар бемористони Ал-шифо эълом карданд, ки мизони ҷиноёт ва вайрониҳое, ки саҳюнистҳо дар ин бемористон ва атрофи он ба ҷо гузоштаанд бесобиқааст ва илова бар қатли дастаҷамъонаи садҳо нафар дар дохили бинои Ал-шифо таҷовуз ба занони бедифоъ ва…, саҳюнистҳо бештари хонаҳои атрофи ин бемористонро ба оташ кашиданду ғорат карданд. Неруҳои ишғолгар аз сӯзонандае истифода мекунанд, ки метавонад хонаҳоро танҳо дар панҷ дақиқа бисӯзанд.

Ин шоҳидон тавзеҳ доданд, ки неруҳои ишғолгар аз ҳеҷ иқдоми ваҳшиёнае дар бемористони Ал-шифо ва муҳити атрофи он дареғ накарданд ва ин бемористон табдил ба вайрона шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад