Шумори шаҳидони Ғазза аз 32 ҳазор нафар гузашт

Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза аз афзоиши теъдоди шаҳидон ба 32 ҳазору 70 нафар хабар дод.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Вазорати беҳдошти Фаластин дар Навори Ғазза эълом кард, артиши режими саҳюнистӣ дар 24 соати гузашта 9 куштор ва ҷинояти дигарро дар ин борика муртакиб шудааст.

Ин вазоратхона афзуд: Дар ин ҳамалот 82 фаластинӣ ба шаҳодат расида ва 110 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шумори кулли шаҳидони ҷанг дар Ғазза аз ҳафтуми октябри гузашта ба 32 ҳазору 70 нафар ва шумори маҷрӯҳон низ ба 74 ҳазору 298 нафар афзоиш ёфтааст.

73 дарсади маҷмӯи шаҳидон зан ва кӯдак ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад