Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористӣ ба толори консерти Крокус ба беш аз 62 нафар расид

Манобеи русӣ бомдоди шанбе эълом карданд, ки токунун беш аз 62 нафар дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ ба толори консерти Крокус дар наздикии Маскав ҷони худро аз даст додаанд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Михаил Морашко” вазири беҳдошт ва тандурустии Русия дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Спутник” эълом кард, ки пас аз ҳамлаи террористӣ ба толори консерти Крокус, 115 нафар дар бемористон бистарӣ шуданд, ки 5 нафар аз онҳо кӯдак буданд ва беш аз 30 нафар ба сурати сарипоӣ мудово шуданд.

Вай бо баёни инки токунун беш аз 60 нафар дар натиҷаи ин ҳамлаи террористӣ ҷони худро аз даст додаанд, афзуд: вазъияти 60 нафар аз маҷрӯҳони ин ҳодисаи террористӣ вахим аст.

Дар пайи ҳамлаи ҳадди ақал сенафар бо либоси шибҳи низомӣ ба табақаи ҳамкафи як толори кансирт дар шаҳри Крокус дар наздики Маскаа ва тирандозӣ бо силоҳҳои худкор ба самти ҳозирин дар ин толор ва партоби норинҷак, беш аз 40 нафар кушта ва 140 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Як шоҳиди айнӣ дар гуфтугӯ бо Спутник эълом кард, ки ка пас аз шиллики гулӯлаҳо аз сӯи афроде бо либоси шибҳи низомӣ ва партоби норинҷак аз сӯи онҳо, оташ сӯзӣ дар толори консерти шаҳри Крокус оғоз шуд.

Ба гуфтаи ин шоҳиди айнӣ, сипас афроди ҳозир дар толор барои фирор аз тирандозӣ 15 то 20 дақиқа дар онҷо дароз кашиданд ва пас аз он шурӯъ ба хазидан карданд, ки бисёре аз онҳо муваффақ шуданд аз толор хориҷ шаванд, аммо ҳадди ақал яксад нафар дар толор маҳбус шудаанд.

Вазорати беҳдошти минтақаи Маскав низ ба Спутник гуфт, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 50 тими омбулонс ба минтақаи ҳодиса барои ироаи хадамоти пизишкӣ ба ҳамаи ниёзмандон эъзом шудаанд.

Вазорати шароити изтирории Маскав низ бо эъломи инки кор барои наҷоти афрод аз пушти боми сохтумон бо истифода аз миканизмҳои болобар дар ҳоли анҷом аст, гуфт: токунун ҳудуди яксад нафар тавассути оташнишонон аз Крокус хориҷ шуданд.

Ҳамчунин ФСБ (Созмони амнияти Федерали Русия) низ дар баёнияе эълом кард, ки созмонҳои вижаи иҷрои қонун, тамоми иқдомоти лозимро дар робита бо ончи дар толори консерти Крокус рух дод, анҷом медиҳанд.

Комиссари ҳуқуқи башар дар Федератсияи Русия низ ҷумъа шаб бо интишори баёнияе ончи дар толори консерти Крокус иттифоқ афтодро як ҳамлаи террористӣ хонд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад