Куштори ҳадафмандонаи аълоёни илмии Фаластин дар Ғазза аз ҷониби артиши саҳюнистӣ

Як маркази ҳуқуқи башари аврупоӣ дар гузорише муддаӣ шуд, ки артиши режими саҳюнистӣ дар амалиёти худ ба Навори Ғазза ба сурати ҳадафмандона иқдом ба террори аълоёни илмии фаластинии сокини Ғазза аз ҷумлаи коршиносони улуми иттилоот, барноманависон, пизишкону чеҳраҳои донишгоҳӣ мекунад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Маркази расади ҳуқуқи башари Евромедитарона дар баёнияе муддаӣ шуд артиши Исроил ба шакли аз пеш тарроҳӣ шуда бо ҳамла ба бархе мақарҳои ширкатҳову муассисоти муҳим дар Навори Ғазза, даҳҳо барноманавис ва коршиноси аълои улуми иттилоот ва дода ва афроди шоғил дар бахшҳои калидии Ғаззаро ҳадафи террор қарор додааст.

Ин марказ дар баёнияе, ки мунташир шуд изҳор доштааст, ки артиши режими саҳюнистӣ иқдом ба куштани бисёре аз афроди аъло ва коршинос дар ҳавзаҳои калидӣ ҳамчун фанноварии иттилоот, барноманависӣ, муҳандисии роёна ва афроди таъсиргузор дар ҳавзаҳои калидӣ ҳамчун пизишкону чеҳраҳои донишгоҳии фаластинии сокин дар Навори Ғазза кардааст.

Маркази расади Евромедитарона бо интишори феҳрасте аз аълоёни фаластинии фаъол дар ҳавзаи фанноварии иттилоот, барноманависӣ ва ҳуши маснуъӣ аз террори ин афрод тавассути артиши Исроил дар хилоли набарди ахир дар Ғазза хабар дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад