Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳӯри кишвар ба Владимир Путин раисҷумҳӯри Русияи паёми табрики ирсол кард.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пирӯзии пешакии раҳбари Русия Владимир Путинро дар интихоботи навбатӣ табрик кард.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад, ки Раҳмон пирӯзии ҳамтои русашро баҳснопазир хондааст.

“Владимир Владимировичи азиз, пирӯзии бе чуну чароӣ шумо дар интихоботи раёсати Ҷумҳӯриро самимона табрик мегӯям.

Раисҷумҳури кишвар гуфт: “Натиҷаҳои овоздиҳии доиргардида боз як далели возеҳи тасдиқи обрӯву эътибори баланди сиёсии Шумо ва аз ҷониби ҷомеаи Русия ба таври васеъ ҷонибдорӣ ёфтани сиёсати давлатиатон ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва таҳкими мавқеи байналмилалии он мебошад”.

Ӯ дар идома гуфтааст, ки мо ба густариши бемайлони шарикии стратегӣ ва ҳамкории ҳампаймонии Тоҷикистону Русия аҳаммияти пайваста медиҳем.
Президент изҳори омодагӣ кардааст, ки дар оянда низ якҷо бо Путин ҷиҳати ба сатҳи баланди нав баровардани ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ба нафъи мардумонамон талошҳои муштарак ба харҷ хоҳанд дод.
Дар поён кишвардори Тоҷикистон ба раисҷумҳури Русия сиҳатмандии комил ва дар татбиқи нақшаҳое, ки дар роҳи некӯаҳволӣ ва шукуфоии Русияи бародар муайян кардаед, комёбиҳо орзу кардааст.

Чаҳор номзад аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи Федератсияи Русия сабти номшуда, барои курсии раисҷумҳури Русия: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин мубориза бурданд.

Дар Тоҷикистон имкони овоздиҳӣ дар 6 қитъаи интихоботӣ вуҷуд дошт. Онҳо рӯзи 17 март аз соати 8:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ кор карданд.
Дар хориҷа дар 144 кишвари ҷаҳон 295 қитъаи интихоботӣ фаъолият дошт.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин кардааст.
Овоздиҳӣ дар Русия тӯли 3 рӯз – 15, 16 ва 17 март баргузор шуд. Дар маҷмӯъ, дар кишвар беш аз 94 ҳазор щавза фаъолият мекард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад