Идомаи ҳимояти ҷаҳонӣ аз Ғазза

Мардуми кишварҳои мухталиф бори дигар бо баргузарии тазоҳурот ва  таҷаммуъҳои мухталиф ҳимояти худро аз миллати мазлуми Фаластин эълом карданд.

Ҳомиёни Фаластин дар шаҳри Париж, пойтахти Фаронса бо барпоии тазоҳурот, таваққуфи фаврии ҷанги режими наслкуши саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён дар борикаи Ғазза ва оташбаси фаврӣ дар ин минтақаро хостор шуданд.

Дар тазоҳуроти ҳомиёни Фаластин дар шаҳри Париж, муътаризон давлати Фаронсаро ба даст доштан дар ҷиноятҳои режими наслкуши саҳюнистӣ зидди фаластиниён муттаҳам карданд ва аз давлати Фаронса таваққуфи содироти низомии ин кишвар ба режими наслкуши саҳюнистӣ ва  худдорӣ аз ворид кардани тавлидоти ин режими ишғолгар ба Фаронсаро дархост карданд.

Донишомӯзон ва  донишҷӯёни ҳомии Фаластин дар шаҳри Мелбурни Австралия низ бо барпоии таҷаммуъ шиори “Фаластин бояд озод шавад; мубориза дар роҳи Фаластин идома дорад” сардоданад.

Ҳомиёни Фаластин дар шаҳри Торонтои Канада низ бо барпоии тазоҳуроте муқобили маҳали ҷамъоварии кумакҳои молии Ҷостин Трудеау, нахуствазири Канада, ӯро ба ҳимоят аз ҷиноёти режими наслкуши саҳюнистӣ алайҳи Фаластин муттаҳам карданду таваққуфи оташбаси фаврӣ дар борикаи Ғаззаро хостор шуданд.

Ҳомиёни Фаластин дар Сеоул, пойтахти Кареяи Ҷанубӣ ҳам бо таҷаммуъ муқобили сафорати Амрико таваққуфи ҷанги режими саҳюнистӣ алайи фаластиниён дар борикаи Ғаззаро хостор шуданд ва  сафари Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико ба Кареяи Ҷанубиро маҳкум карданд.

Шаҳрвандони Шветсия низ бо баргузарии тазоҳурот ҳимояти худро аз Ғазза эълом карданд.

Ҳомиёни мардуми Фаластин дар саросари ҷаҳон дар моҳҳои ахир бо баргузории тазоҳурот, ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ бар алайҳи мардуми Ғаззаро маҳкум карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад