Кумаки Русия ба лабораторӣ ва вирусшиносони тоҷик

Қарор аст, ки Русия мутахассисони варзидаашро барои тақвияти иқтидори лабораторӣ ва омӯзиши вирусшиносон ба Тоҷикистон фиристад.

Қарор аст, ки Русия мутахассисони варзидаашро барои тақвияти иқтидори лабораторӣ ва омӯзиши вирусшиносон ба Тоҷикистон фиристад.

Ба гузориши манбаъ:

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Роспотребнадзор бо хатарҳои паҳншавии бемории вабо якҷоя мубориза мебарад.

Дар ин бора дафтари матбуоти ниҳоди Русия хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бора зимни мулоқоти онлайнии раиси Роспотребнадзор Анна Попова ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Абдуҳолик Амирзода, ки рӯзи 15 март доир шуд, мувофиқа ҳосил шуд.

Манбаъ гуфтааст:

“Мулоқот бо дархости шарикони тоҷик дар робита ба вазъи эпидемиологии ҷаҳон оид ба бемории вабо сурат гирифт”.

Гуфта мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон аз Роспотребнадзор хостааст, ки дар ташкили мониторинги пешгирикунандаи ин беморӣ, инчунин, омодагӣ ба авҷгирии эҳтимолии вазъи эпидемиологӣ, аз ҷумла дар навоҳии наздимарзӣ, мусоидат намояд.

Роспотребнадзор афзуд:

“Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти омӯзиши мутахассисони соҳавии тоҷик аз ҷониби Русия, беҳбуди иқтидори лабораторияҳои Тоҷикистон, гузаронидани пажӯҳишҳои муштарак ва машқҳо анҷом дода шаванд”.

Таъкид шудааст, ки сафари мутахассисони рус ба Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад