Рейчел Кори; Зани амрикоӣ, ки ба ҷанги булдозерҳои Исроил баромад

Ҳомии ҳуқуқи башари амрикоӣ, Рейчел Кори 21-сол пеш ҳангоми муқовимат бо булдозерҳои исроилӣ, ки мехостанд хонаи фаластиниёнро тахриб кунанд, ҷонашро аз даст дод.

Ба гузориши ТоҷикПресс, 16 марти соли 2003 Рейчел Кори дар назди як булдозери исроилӣ, ки мехост хонаи як фаластиниро дар шаҳри Рафаҳи навори Ғазза тахриб кунад, истод ва хост бо баландгӯяк аз тахриби манзили фаластиниён ҷилавгирӣ кунад. Аммо ронандаи булдозери исроилӣ новобаста аз миллаташ Рейчелро зеркарда ва ин зани амрикоӣ кушта шуд.

Марги Рейчел Кори ҳамаро ба тааҷҷуб овард ва фаластиниҳо ӯро шаҳид хонда, маросими дафни бузурге барои ӯ ташкил карданд.

Рейчел Кори дар номае, ки чанде пеш аз кушта шуданаш дар зери булдозери исроилӣ ба хонаводааш дар Иёлоти Муттаҳида фиристода буд, дар бораи ҳаводиси Фаластин ва бераҳмие, ки Исроил алайҳи фаластиниён анҷом медиҳад, навишт: Ҳеҷ як ҳуҷҷати илмӣ, конфронс ё филми мустанад муваффақ нашудааст вазъият дар Фаластинро ба ман шарҳ диҳад, то даме ки шумо вазъияти Фаластинро набинед, вазъияти минтакаро тасаввур карда наметавонед.

Парвандаи марбут ба ин ҳодисаро хонаводаи Кори ба Додгоҳи олии Исроил ирсол кард, аммо додгоҳи Исроил ин парвандаро рад кард. Шумори зиёде мактабҳо, бемористонҳо ва кӯдакон дар Фаластин ба номи Рейчел Кори гузошта шуд, ба хотири гиромидошти хотираи ӯ филмҳо ва театрҳо намоиш дода шудаанд ва дар бораи ӯ китобҳо низ навишта шудааст.

Номаҳои Рейчел Кори ба хонаводааш низ дар як китоб гирдоварӣ шуда ва таҳти унвони “Бугзоред, ки танҳо мубориза кунам” нашр шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад