“Чилдухтарони Муъминобод” устураест маҳаллӣ барои таҷлил аз мақоми зани тоҷик

Устураи “Чилдухтарони Муъминобод”, ки дар баробари сипоҳи Чингизхони Муғул муқовимат карданд, нишондиҳандаи он аст, ки занон натанҳо инсонҳои парҳезкор тарбият мекунанд, ки ҷаҳонро тағйир медиҳанд, балки шуҷоъона меҷанганду аз ҳаққу ҳақиқат дифоъ мекунанд ва дар роҳи ҳифз, эҳё ва баланд доштани арзишҳо ҷони худро фидо мекунанд.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз хабаргузории Форс, Устураи “Чилдухтарони Муъминобод”, ки дар баробари сипоҳи Чингизхони Муғул муқовимат карданд, нишондиҳандаи он аст, ки занон натанҳо инсонҳои парҳезкор тарбият мекунанд, ки ҷаҳонро тағйир медиҳанд, балки шуҷоъона меҷанганду аз ҳаққу ҳақиқат дифоъ мекунанд ва дар роҳи ҳифз, эҳё ва баланд доштани арзишҳо ҷон медиҳанд.

Кӯҳи Чилдухтарон намоди мағлубнопазирӣ

Чилдухтарон як қаторкӯҳи бузурги санглох дар шакли силуэтҳои чилдухтар дар шаҳри Муъминободи вилояти Хатлони Тоҷикистон аст, ки дар 250-километрии ҷануби Душанбе ҷойгир аст.

Тоҷикистон кишвари форсзабони Осиё Марказӣ аст, ки бешак дар тамаддунсозии Осиёи Марказии қадим, Самарқанду Бухоро нақш доштааст ва уламои зиёде ҳамчун Ибни Сино, Берунӣ, Хоразмӣ, Бухорӣ ва Айёшии самарқандиро ба ҷаҳон тақдим кардааст.

Бо вуҷуди пайвастан ба Шуравии Собиқ дар солҳои қабл аз истиқлолият, камокон аҳолии он аксаран форсзабон ва тоҷик ҳастанд. вилояти Хатлон, вилояти таърихиест, ки дар мутуни таърихӣ ва шеъру адаби форсӣ аз он бисёр ёд шуда ва яке аз шаҳрҳои он Муъминобод аст.

Иллати номгузории Муъминобод

Шаҳри Муъминобод ҳамон тавре, ки аз исмаш маълум аст аз калимаи имон ва муъмин гирифта шуда ва ба маънои маконе поку муқаддас ва бо имон аст. Шаҳри Муъминобод, аз замонҳои қадим ба далели сирвату ҳосилхезӣ машҳур будааст. Ин макон бисёр зебост.

Беш аз 60 гӯнаи ҷонварӣ ва гиёҳӣ дар инҷо рушд мекунад, ки 22 гӯна аз онҳо дар “Китоби сурх”-и кишварҳои Осиёи Марказӣ гунҷонда шудааст. Ба таври хос, бисёре аз анвои гиёҳони доруиро метавон дар инҷо ёфт, аммо муҳимтарин чиз манзараи он аст.

Чунин фаровонии доимӣ тавваҷуҳи ҳамсоягони ҷангҷӯе ба мисли Чинро ба худ ҷалб мекард. Онҳо борҳо кӯшиш мекарданд барои ба ғуломӣ кашидани сокинони маҳаллӣ ба ин дарра ҳамла кунанд ва ба тасарруфи худ дароваранд, аммо ҳар бор бо посухи кӯбандае рӯ ба рӯ мешуданд.

Чилдухтарони Муъминобод

Ҳамлаи Чингизхони Муғул

Муъминободи Хатлон ҳатто аз тавваҷуҳи Чингизхон дур намонду тавваҷуҳи ӯ ба луқмаи хуштамаъ ҷалб шуд ва дар қарни 16 мелодӣ бо дастури фатҳи ин минтақаи чашмнавози кӯҳистонӣ сипоҳеро ба Муъминободи Хатлон фиристод.

Ҳамаи мардуми дарра барои дифоъ аз сарзамини худ истоданд, аммо мувозинати қуво ва қудрат баробар набуд ва сипоҳиёни душман даҳҳо балки садҳо баробари мардуми Муъминобод буданд ва чун ҷангҷуёни дарра дар набарди сахт бар замин афтоданд, Чил духтари ҷавони шерзан ба муқовимат пардохта, ҷои ҷангҷуёнро гирифтанд ва мардона ҷангиданд.

Чил духтар се шабонарӯз ҷангиданд ва бисёре аз душманонро нобуд карданд, аммо лаҳзае фаро расид, ки сарбозҳои муғулӣ чандин мудофеи хастаро муҳосира карданд. Дар он ҳангом буд, ки ба даргоҳи Худои Мутаол паноҳ оварданд, ки мабодо асир шаванду домани покашон нопок гардад.

Дар ҳамон лаҳза чил духтар ба чил сахраи сурх табдил шуданд, ки сар то по ҳама бо хуни душманон дар набарди ҷонона барои дифоъ аз дину оин ва сарзамини худ оғишта шуда буданд. Муғулон тарсиданду фирор карданд. Ин буд, ки ин чил духтар аз он рӯз ба баъд табдил ба як улгӯ ва устура то қиёми қиёмат шуданд.

Чилдухтарони Муъминобод

Чилдухтарон рамзи муқовимат, диндорӣ ва шаҳодат

Чилдухтарон рамзест аз маҷмуае аз сифатҳои барҷаста ва парҳезкори зан, ки тамоми арзишҳоро дар худ ҷой дода ба ҷаҳониён нишон додааст, ки зан метавонад натанҳо инсонҳои парҳезкор тарбият кунад, ки ҷаҳонро тағйир медиҳанд, балки шуҷоъона биҷангад, аз ҳаққу ҳақиқат дифоъ кунад ва дар роҳи ҳифз, эҳё ва баланд бардоштани арзишҳо ҷони худро фидо кунад ва то қиёми қиёмат ба намоди мубориза ва муҷассамаи адолату озодӣ табдил шавад.

Чилдухтарони кӯҳи ифтихор, намоди иффату покдоманӣ, ва самбули зантарозе ҳастанд, ки то пои ҷон аз эътиқодот ва боварҳои худ дифоъ мекунанд, дар роҳи он меҷанганд, ҳаргиз таслими душман намешаванд, тан ба хориву зиллат ва инҳирофи фикриву ахлоқӣ намедиҳанд ва дар роҳи ҳақ ҷон ҳам медиҳанд.

Чилдухтарони Муъминобод

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад