Парлумони Аврупо хостори оташбаси фаврӣ ва доимӣ дар Ғазза шуд

Парлумони Аврупо бо судури қатъномае иқдоми режими ҷинояткори саҳюнистӣ дар монеътарошӣ дар масири имдодрасонӣ ба Ғаззаро маҳкум кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, парлумони Аврупо имрӯз, қатъномаеро алайҳи ҷиноёти режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ содир кард ва ба шиддат мумонаъати режими кӯдаккуши саҳюнистӣ аз расидани кумакҳои башардӯстонаи мардум ба Ғаззаро маҳкум кард.

Парлумони Аврупо ҳамчунин ба ҷиноёти режими ғосиби саҳюнистӣ алайҳи созмонҳо ва ниҳодҳои башардӯстона вокуниш нишон дод ва ҳамлаи Исроил ба корвонҳои имдодиро маҳкум кард ва хоҳони барқарории «оташбаси фаврӣ ва доимӣ» шуд.

Масъулони вазорати беҳдошт ва дармони Ғазза рӯзи гузашта эълом карданд, ки ҳамалоти режими палиди саҳюнистӣ ба як маркази тавзеъи маводди ғизоӣ дар ҷануби Ғазза дар Рафаҳ ба кушта шудани панҷ нафар мунҷар шуд, ки яке аз коркунони UNRWA низ дар байни онҳо будааст.

Ин аввалин бор нест, ки парлумони Аврупо дар хусуси ҷанги Ғазза қатънома содир мекунад ва пеш аз ин низ дар моҳи январ бо тасвиби қатъномае хостори «оташбаси доимӣ» дар Ғазза ва оғози талошҳои сиёсӣ барои ёфтани роҳиҳал барои поёни ҷанг байни режими саҳюнистӣ ва гуруҳи муқовимати исломии Ҳамос шуд.

Қатъномаи парлумони Аврупо сирфан моҳияти намодӣ дорад ва чандон вазни ҳуқуқӣ надорад, аммо бо инҳол намоёнгари тағйири мавзеъи чашмгири онҳо дар қиболи ҷанги Ғазза аст зеро пеш аз ин дар октябри соли гузашта танҳо хоҳони «вақфаи башардӯстона» барои тасҳили ҷараёни кумакрасонӣ ба ғайри низомиён дар Навори Ғазза шуда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад