Барномаи Тоҷикистон барои афзоиши воридоти мошинҳои барқи

Вазорати нақлиёти кишвар ахиран эълон кардааст, ки Тоҷикистон ният дорад, ҳиссаи мошинҳои барқиро то 20-30% афзоиш диҳад.

Вазорати нақлиёти кишвар ахиран эълон кардааст, ки Тоҷикистон ният дорад, ҳиссаи мошинҳои барқиро то 20-30% афзоиш диҳад.

Ба  гузориши манбаъ:

Ба иттилои вазорати нақлиёти кишвар ба Тоҷикистон ворид кардани мошинҳои барқӣ меафзояд.

Ба иттилои манбаъ, соли 2023 тақрибан 3.3 ҳазор мошинҳои барқӣ харидорӣ карда шуданд, минбаъд ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳиссаи онҳоро то 20-30% афзоиш диҳад.

Ҳадаф аз воридоти бештари ин навъ мошинро вазорат пеш аз ҳама коҳиш додани вобастагии Тоҷикистон аз сӯзишвории воридотӣ арзёбӣ кард.

Вазорат тавзеҳ дод:

“Илова бар ин, бо гузаштан ба нақлиёти барқӣ ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ, ки асосан мошинҳо ихроҷ мекунанд, кам мешавад”.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 ба Кодекси андози ҶТ тағйирот ворид карда шуд, ки воридоти нақлиёти барқӣ ба кишварро бидуни боҷи гумрукӣ дар 10 соли оянда, инчунин озод кардани онҳоро аз андоз ва аксизҳо пешбинӣ мекунанд.

Тибқи маълумоти РБДА ВКД Тоҷикистон, то 1 марти соли 2024 дар ҳудуди ҷумҳурӣ расман 667 ҳазор воситаи нақлиёти автомобилӣ – сабукрав, боркаш, мусофирбар ба қайд гирифта шудааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки як сол пеш ин рақам ба 601 ҳазор баробар буд.

Манбаъ таъкид кардааст:

“Айни замон дар кишвар 562 ҳазор мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст. Соли 1991 дар қаламрави Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини хусусии сабукрав ба қайд гирифта шуда буд”.

Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки агар дар соли 2014 дар мамлакат 389 ҳазор воситаи нақлиёт (ҳама намудҳо) мавҷуд буд, пас то 1 марти соли 2023 дар ҷумҳурӣ 51781 мошини боркаш, 16491 мошини мусофирбар, 524045 адад автомобили сабукрав, инчунин 4419 притсеп ва нимпритсеп ба қайд гирифта шудааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Тибқи барнома мақомот азм доранд, дар солҳои наздик ҳиссаи мошинҳои барқиро дар ҷумҳурӣ то 20-30%-и теъдоди умумии нақлиёт расонанд.

Дар Тоҷикистон воридоти худравҳои барқӣ афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора аз Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба кишвар 1348 чунин мошинҳо ворид шудааст.

Манбаъ  афзуд:  Идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад