Хоре дар чашми президент Путин

Давлати Русия қаҳрамони собиқ шатранҷи ҷаҳон аз он кишварро дар феҳристи “террористҳо” ва “ифротгароён” қарор додааст ва ин иттифоқ беш аз даҳ сол пас аз муҳоҷирати Каспаров ба Нию-Йорк рух медиҳад, ки ба далели ихтилофҳои сиёсияш бо Путин, президенти Русия ба ҳадафе барои давлати он кишвар табдил шуд.

Муаллим, муҷрӣ, таҳлилгар ва рӯзноманигори испанияии мутахассис дар шатранҷ аст. Ӯ унвони устоди бузурги шатранҷро аз Федератсияи байналмилалии шатранҷ дарёфт кардааст. Ӯ сипас ба ду стандарти байналмилалӣ дар заминаи устодбузурги шатранҷ даст ёфт. Гарсия дар соли 1983 аз сӯи рӯзномае дар Боск ба унвони хабарнигори вижаи мусобиқа байни Каспаров ва Кӯрчной ду шатранҷ боз барҷаста интихоб шуд.

Дар он замон буд, ки Ӯ мутаваҷҷеҳ шуд ҳирфааш ба унвони рӯзноманигор қавитар аз ҳирфааш ба унвони як шатранҷбоз аст ва муддати кӯтоҳе пас аз он аз ширкат дар мусобиқоти шатранҷ даст кашид. Ба унвони мураббии шатранҷ барои давлати Боск дар соли 1985 Ӯ таҷрибаи мураббигарии кӯдаконро дорад ва давраҳои такмилии шатранҷро барои муаллимони мадраса тадрис кардааст. Гарсия муфассири муҳимтарин давраҳои мусобиқоти шатранҷи ҷаҳонӣ будааст. Ӯ илова бар онки хабарнигор ва гузоришгари муҳимтарин рухдоҳои варзишӣ аз ҷумла Бозиҳои олимпии 2000-и Сидний буда, китобҳоеро низ дар ин бора навиштааст. Ӯ Каспаровро беҳтарин шатранҷбоз тамоми даврон медонад. Гарсия барандаи ҷоизаҳое зиёде аз ҷумла ҷоизаи миллии шатранҷ дар соли 2008 мелодӣ барои талошаш дар густариши шатранҷ шуда ва номаш дар феҳристи соли 1999 мелодӣ китоби тиллоии Федератсияи байналмилалии шатранҷ барои қадрдонӣ аз саҳми барҷастааш дар тавсеаи шатранҷ зикр шудааст.

Хабаргузории байналмилалии Фаронса ахиран гузориш додааст, ки номи “Гарри Каспаров” аз сӯи давлати Русия дар феҳристи “террористҳо ва ифротгароён” қарор гирифтааст. Ин мавзуъ аз анҷо нигаронкунанда аст, ки Владимир Путин, президенти Русия ба асли Орони Нимзович, шатранҷбози данияӣ, ки гуфта буд “таҳдиди қавитар аз эъдом аст” боварӣ надорад. Путин иттифоқан дақиқан ба акси ин ида, бовар дорад боваре, ки тамоми мунтақидонашро дар маърази хатар қарор медиҳад.

Каспаров муддатҳост, ки муҳраи фили худро алайҳи поддшоҳ Путин ҳаракат медиҳад ва ин корро ҳатто пеш аз онки дар соли 2005 мелодӣ аз рақобатҳои бартар бознишаста шавад анҷом медод. Ӯ акнун бахши умдаи вақти худро сарфи мухолифат бо Путин мекунад. Ӯ солҳост, ки Путинро муттаҳам карда, ки қасдаш кишу мат кардани демокрасии Русияро доштааст. Агар мехоҳед дар ин бора бештар бидонед, китоб “зимистон дар роҳ аст” навиштаи Каспаров дар соли 2015 мелодиро бихонед, ки муддатзамони кӯтоҳе пас аз илҳоқи Қрим ба Федератсияи Русия тавассути Путин чоп шуд.

Ӯ ба шакле фавқулодда ва бо равшанбинии достони ақибгарди Русия ба диктаторӣ ва баҳоеро, ки ғарб барои иҷоза додан ба таҳаққуқи ин раванд пардохт хоҳад кард, баён мекунад. Каспаров аз ҷумлаи афроде буд, ки дар авоили давраи раҳбарии Путин бар Русия Ӯро ба унвони таҳдиде бузург барои ҷаҳон муаррифӣ кард; ҳушдоре, ки ҷаҳон акнун ба таври густардае ба сеҳати он эътироф мекунад.

Бархе ба вижа ҳизби ҷумҳурихоҳи таҳти контроли Трамп замоне, ки кумак ба Украинаро мутаваққиф кард ба назар мерасад аз таваҷҷуҳ ба ҳушдор ғофил будаанд. Пас аз ҳамлаи Русия алайҳи Украина Каспаров бори дигар бар ниёзи фаврӣ ба мутаваққиф сохтани Путин ба ҳар қимате таъкид кард, ки ҳатто агар ин ба маънои поён додан ба вобастагии энергетикаи Аврупо ба Русия ва мувоҷеҳа бо давраи душвор бошад. Ин як воқеият аст, ки сенарияи “ба ҳар қимате” хатари бурузи ҷанги ҳастаиро низ шомил мешавад. Бо ин вуҷуд, Каспаров илова мекунад, ки Путин ба танҳоӣ наметавонд чунин рӯйдоди фоҷеабореро оғоз кунад. Ӯ бояд таъйиди ду шахсияти калидӣ, яъне вазири дифои Русия ва раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русияро низ бо худ ба ҳамроҳ дошта бошад, ки ба шакли дардноке медонанд ин масъала сабаби вайронии фаврии бештари Русия ва мардуми он кишвар хоҳад шуд.

Каспаров пас аз ҳамлаи Русия ба Украина дар соли 2022 порогарофи пешгӯёна аз китоби худро ба ёд овард:”ҷанг ҳамеша ваҳшатнок аст, аммо ҳаракати Путин ба самти империялизми қавмгароёна нигаронкунанда аст. Касоне, ки таъсири ҷаҳонии ҷанг дар Украинаро камаҳамият ҷилва медиҳанд, ҳушдори возеҳи Путинро нодида гирифтаанд. Ҷоҳталабии Ӯ барои “Русияи бузург” дар шарқи Украина мутаваққиф нахоҳад шуд. Таслим шудан дар баробари Путин дар Украина эҳтимолан иштиҳои Ӯро барои фатҳҳои бештар тақвият мекунад”. Ин хатҳо тақрибан даҳ соли пеш навишта шуданд.

Сафарам дар соли 2005-и мелодӣ ба Маскавро, ки барои мусоҳиба бо Каспаров анҷом дода будам, ба ёд меоварам. Дар ҷараёни он сафар ду чиз маро шигифтзада кард. Дар сафарҳои қаблӣ ба Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва Русия мушоҳида кардам, ки бисёре аз русҳо нажодпарастӣ ва бегонаҳаросиро аз худ нишон медиҳанд. Ман таъсири сиёсии фардӣ, монанди Каспаровро, ки дар Озарбойҷон аз модари арманӣ ва падари яҳудӣ зода шуда буд, зери савол бурдам. Дар он замон Каспаров як қаҳрамони варзишӣ ахиран бознишаста буд, ки ба хотири дастовардҳояш бештар аз пешинааш мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Дар боздид аз марокизи раъйдеҳӣ ва мулоқот бо шахсиятҳои оппозисюнӣ мушоҳида кардам, ки бо эҳтиром аз Ӯ истиқбол мешуд. Ба рағми маҳбубияти Каспаров бузургтарин монеи сиёсии Ӯ мухолифати сарсахтонаи расонаҳои таҳти контроли давлати Русия бо Ӯ буд.

Шигифтии дигар он буд, ки дидам баъд аз ду ҳамлаи ҷузъӣ дар ҷараёни рӯйдодҳо ва маросими сиёсӣ алайҳи Каспаров Ӯ то чӣ андоза мутақоид шуда буд, ки ҷонаш дар маърази таҳдиди ҷиддӣ қарор дорад. Ман тақрибан се рӯзро бо Ӯ гузарондам, ҳамеша дар муҳосираи тимӣ аз муҳофизон дар соатҳои мухталифи шабонарӯзӣ будам ва бо як худрави зиреҳӣ ҷо ба ҷо мешудем. Ба ҳамин далел аз Ӯ пурсидам, ки оё то ба ҳол Ден Кешутро хондааст! Зеро бо вуҷуди доштани гузинае барои зиндагии ором дар Русия ё хориҷ аз кишвар зиндагии худро ба хатар меандохт.

Барои дарки шахсияти Каспаров бояд ба нақл қавле аз “Клара Шогновна, модараш зане фавқулодда инъитофпазир ишора кунам. Дар мусоҳибае, ки дар декабри 1985 мелодӣ бо Ӯ доштам муддати кӯтоҳи пас аз онки писараш ҷавонтарин қаҳрамони шатранҷи ҷаҳон шуд, Шогнрвна ба ман гуфт: “шумораи як будан бисёр сахту бисёр чолишбарангез аст. Содда зистан барои лаззат бурдан фаротар аз дарки мо аст”. Ҳудуди соли 2012 мелодӣ шаш сол пас аз се рӯз зиндагии муштараки мо дар Маскав бо Каспаров мутаваҷҷеҳ шудам, ки гурӯҳҳои ифротии наздик ба Путин се тан аз маҳбубтарин аъзои опозисиюнро ҳадаф қарор медиҳанд: Бурис Неметслв, Алексей Навалний ва худаш. Дар натиҷа, Каспаров дар соли 2013 мелодӣ тасмими душворе барои муҳоҷират ба Нию-Йорк гирифт ва аз модараш дар Маскав дур шуд. Ҳангоме, ки модараш дар декабри 2020 дар ҷараёни пандемияи коронавирус даргузашт, Ӯ аз тарс дар маросими ҷанозаи модараш ширкат накард, зеро медонист барои Неметсови терроршуда дар соли 2015 ва Навалниии масмумшуда дар соли 2020, чӣ иттифоқҳое рух додааст.

Каспаров илова бар муҳоҷират ба Нию-Йорк хонае низ дар Хорватия барои гирифтани паспорти аврупоӣ дошт. Ӯ ҳамчунон ба унвони нависанда, мақоланавис, мударрис, раиси Бунёди ҳуқуқи башар ва гоҳе вақтҳо шатранҷбоз бисёр фаъол аст. Каспаров дар фазои Твиттер пуркор аст ва дар заминаи мавзуъҳои сиёсӣ менависад ва ағлаби расонаҳои бузурги амрикоӣ бо Ӯ мусоҳиба мекунанд.

Навалний дар таърихи 16-и феврал дар зиндоне дар Сибир даргузашт дар ҳоле, ки Каспаров аз соли 2022  тавассути Кремл ба унвони “муздури хориҷӣ” барчасб хӯрда ва акнун аз сӯи давлати Русия ба унвони “террорист” ва “омили ифротӣ” дониста мешавад.

Гарри Каспаров дар бораи марги Навалний дар Твиттер навишт: “Путин саъй кард Навалнийро сареъ ва махфиёна аз равишҳои масмум кардан ба қатл бирасонад ва дар ин масир бо шикаст мувоҷеҳ шуд ва сипас Ӯро кам-кам дар зиндон тазъиф кард ва ахиран ба таври ошкор дар замони боздошти Навалний, Ӯро ба қатл расонд. Навалний ба далели ифшогарӣ дар мавриди Путин ва мафияи Ӯ, ки дар дуздиҳо нақш дошта, кушта шуд. Акнун ба ҳамсар ва фарзандони он фарди шуҷоъ фикр мекунам”.

Акнун Каспаров беҳтар медонад чигуна беҳтар аст аз худ муҳофизат кунад. Ман дар соли 2014 шаш рӯзро бо Каспаров дар як ҳавопаймои хусусӣ, ки тавассути “Рекс Синкфилд, ҳомии амрикоияш ба Ӯ қарз дода шуда буд, гузарондам. Ӯ алайҳи Кирсон Илиумжинов, марди Путин бар сари раёсати Федератсияи байналмилалии шатранҷ мубориза мекард. Дар он замон Каспаров пеш аз ҳар баланд шудан ва пас аз ҳар фурӯди ҳавопаймо бо модараш тамос мегирифт. Ӯ мӯътақид буд, ки баранда хоҳад шуд ҳатто ба рағми онки ҳама чизро дар мавриди фасод дар миёни аъзои раъйдиҳандаи Федератсияи байналмилалии шатранҷ медонист.

Каспаров дар ниҳоят 110 бар 61 шикаст хӯрд. Бо ин вуҷуд, ман мӯҳтотона хушбин ҳастам, ки Ӯ ба хотири иттифоқҳои рухдода дар солҳои ахир ҳамаи иқдомоти эҳтиётиро анҷом диҳад. Як таҳиякунандаи мустанади испанияӣ баргузории як дидори шатранҷ дар шаҳри Суил дар Испания байни Каспаров ва Анатолий Корпов, рақиби сарсахташ (, ки акнун узви парлумони Русия аз ҳизби Путин мебошад агарчи бо ҳамлаи Русия ба Украина мухолиф будааст)-ро пешниҳод кардааст; пешниҳоде, ки метавонист қаҳрамони шатранҷи ҷаҳон дар соли 1987 мелодиро, ки дар он Каспаров бо ихтилофи андаке дар Суил ба даст овард, дубора зинда кунад. Пули хубе аз пазириши он пешниҳод оиди Каспаров мешуд ва Ӯ хотираҳои хубе аз Суил дошт, аммо он пешниҳодро қотеона рад кард. Фаҳми далели радди он пешниҳод бисёр осон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад