Бе барқи ва гаронии маҳсулот дар моҳи Рамазони имсол дар Тоҷикистон

Моҳи Рамазон имсол дар Тоҷикистон дар шароите оғоз шуд, ки сокинони аксар шаҳру деҳаҳо бо маҳдудият нерӯи барқ мегиранд. Мардум мегӯянд, чунин “лимит”-ро чанд соли охир надида буданд. Нархи баъзе аз маҳсулоти ғизоӣ ҳам боло рафтааст.

Моҳи Рамазони имсол дар Тоҷикистон дар шароите оғоз шуд, ки сокинони аксар шаҳру деҳаҳо бо маҳдудият нерӯи барқ мегиранд. Мардум мегӯянд, чунин “лимит”-ро чанд соли охир надида буданд. Нархи баъзе аз маҳсулоти ғизоӣ ҳам боло рафтааст.

Карим гуфт:

“Субҳ, соати 3, ним соат барқ доданд. Дар торикӣ хӯрок хӯрдем, бо рӯшноии телефон ва шамъ. Дигар барқ нест” . Эгамбердиев, сокини шаҳри Душанбе рӯзи 12-уми март. Вай дар маҳаллае зиндагӣ мекунад, ки ду сол пеш ба ҳудуди пойтахт ҳамроҳ карда шудааст.

Пас аз барфрезиҳои ду ҳафтаи охир дар Тоҷикистон, таъмини аҳолӣ бо барқ ба чолиши бузург табдил ёфтааст. То он дам реҷаи таъмини барқ шаҳрҳои асосӣ, аз ҷумла Душанберо фаро намегирифт.

Мақомот дар Тоҷикистон вуҷуди “лимит”-ро намепазиранд. Аммо мудири кулли Шабакаҳои тақсими барқ Арвиндер Гуҷрал дар номае аз зердастонаш хостааст, аз 11-уми март аз соати чор то ҳашти субҳ ва аз панҷ то нӯҳи шаб тамоми кишвар бо барқ таъмин шавад. Нигаронии сокинон баёнгари воқеияти дигарест. Онҳо мегӯянд, ин ҷадвал тамомон риоя намешавад.

Дар як суҳбати сарироҳӣ баъзе аз сокинони Душанбе ҳам чунин шикоят карданд:

  • “Барқро аз субҳ то бегоҳӣ хомӯш мекунанд.”
  • “Се шабонарӯз барқ надоштем.”
  • “Нерӯи барқро зуд-зуд хомӯш мекунанд, намедонем, кай бояд биояд ва кай биравад.”

Дар баробари бебарқиву сардиҳо сокинони кишвар аз болоравии арзиши хӯрокворӣ дар моҳи Рамазон шикоят мекунанд. Харидорон дар бозори “Ховарон”-и Душанбе гуфтанд, арзиши гӯшт то 80 сомонӣ, шир то 9-10 сомонӣ, шакар то 15 сомонӣ, тухм то 2 сомонӣ, орд то 300 сомонӣ боло рафтааст.

Ҳарчанд рӯҳониён пайваста мегӯянд, ки барқасдона гарон фурӯхтани маҳсулот хилофи омӯзаҳои динист, ҳар сол дар моҳи Рамазон дар Тоҷикистон арзиши хӯрокворӣ гарон мешавад.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар як изҳорот ба таври сунъӣ боло бурдани нархро “барои гирифтани фоидаи бештар дар ин моҳ амали бадтарин” донистааст.

Абдуқодирзода таъкид кардааст:

“Мо камбуди равған, орд, мева надорем, ҳама анборҳо пур аз ин неъматҳост. Ҳоло ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи маводи мавриди ниёзи аввал, бардоштани нархи дигар маҳсулот, умуман суистифода аз моҳи мубораки Рамазон ё рӯзҳои мубораки ид бисёр гуноҳи азим буда, пайомадҳои нохуш низ дорад”.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, узви Шӯрои уламо мегӯяд, “ба нархе фурӯшанд, ки ҳам худ зарар набинанд ва ҳам ба дигарон зарар нарасонанд. Дин худ сабукӣ аст, вазнинӣ овардан нест.”

Тоҷирон сабаби боло рафтани нархҳоро дар бозор гарон шудани арзиши маҳсулот дар бозорҳои умдафурӯшӣ медонанд. Ин нуктаро тоҷири мева дар бозори маҳаллаи Мавлонои пойтахт бо номи Фарҳод тасдиқ кард.

Бар асоси қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон моҳи Рамазон дар Тоҷикистон ёздаҳуми март оғоз шуд ва то даҳуми апрел идома мекунад. Дар Тоҷикистон, бар асоси як пажуҳиши Маркази тадқиқоти стратегӣ, 99 дар сади мардум мусулмон ҳастанд.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад