Афзоиши воридоти худравҳои барқӣ ба Тоҷикистон

Тибқи барнома мақомот азм доранд, дар солҳои наздик ҳиссаи мошинҳои барқиро дар ҷумҳурӣ то 20-30%-и теъдоди умумии нақлиёт расонанд.

Тибқи барнома мақомот азм доранд, дар солҳои наздик ҳиссаи мошинҳои барқиро дар ҷумҳурӣ то 20-30%-и теъдоди умумии нақлиёт расонанд.

Ба гузориши манбаъ:

Дар Тоҷикистон воридоти худравҳои барқӣ афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора аз Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба кишвар 1348 чунин мошинҳо ворид шудааст.

Манбаъ  афзуд:

“Аз мошинҳои барқии воридшуда, 1333 ададаш худравҳои майда, 4 автобус ва микроавтобус, 9 боркаши барқӣ ва ду борбардори барқӣ мебошад”.

Ба таъкиди манбаъ, ин дар ҳолест, ки дар тамоми соли 2022 воридоти ин навъ мошинҳо ба 767 адад расида буд.

Ҳамзамон таъкид шуда, ки мақомот азм доранд, дар солҳои наздик ҳиссаи мошинҳои барқиро дар ҷумҳурӣ то 20-30%-и теъдоди умумии нақлиёт расонанд.

Гуфта мешавад, ин иқдом дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2027 дар назар дошта шудаанд.

Дар доираи барномаи рушди худравҳои барқӣ, воридоти бештар, фароҳам овардани рушди инфрасохтор, бахши васлсозии ин қабил мошинҳо ва таҳкими он ҳамчун як бахши нав дар иқтисоди кишвар дар назар аст.

Тоҷикистон ҳамзамон барои рафъи ҳавои олуда, барои воридкунандагони худравҳои барқӣ сабукиҳо, аз ҷумла озодӣ аз пардохти боҷи гумрукиро пешкаш кардаст.

Қаблан вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим низ гуфт, ки ҳар сол ба кишвар аз хориҷа бо маблағи садҳо млн доллар маводи сӯзишворӣ ворид мегардад. Дар ҳоле ки ба гуфти ӯ зарфиятҳои истеҳсоли барқ ва истифода аз мошинҳои барқӣ дар кишвар хеле зиëд аст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар ҳошияи сафари расмии раиси парлумони Тоҷикистон ба Чин байни бахши хусусии ду кишвар асноде ба маблағи 400 миллион доллар ба имзо расид.

Дафтари матбуотии маҷлиси миллии Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб маблағи умумии асноди имзо шуда байн ду тарафро беш аз 400 миллион доллар унвон кардааст.

Тавофуқномаи 50 миллион доллар байни ширкати “Азат” Тоҷикистон ва “Ranjong Holding Group”-и Чин барои навсозӣ ва афзоиши тавлиди “Urea” дар ин ширкат ба 180 ҳазор тон дар сол, тавофуқномаи 300 миллион долларӣ байни ширкати “Азия Химия” ва “Ranjong Holding Group” дар заминаи сохти корхонаи ҷадиди тавлиди “Urea” дар Тоҷикистон бо зарфияти 300 ҳазор тон дар сол, тафоҳумномаи 25 миллион долларӣ байни ҳелдинги “Гурӯҳи Авесто” ва ширкати “Ҷинчвин” Чин дар заминаи созмондаҳӣ, эҷод ва мудирияти корхонаҳои муштараки тавлиди мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон бо зарфияти тавлиди 1500 мошин дар сол ва як тафоҳумномаи дигар 26 миллион доллар байни ширкатҳои “Мармарии” Тоҷикистон ва “Корхонаи Тучан”-и Чин дар мавриди эҷоди як ширкати муштарак барои сохт ва роҳандозии як маркази техникӣ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи ин аснод аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад