Идомаи набарди неруҳои муқовимати исломии Фаластин бо ишғолгарони саҳюнстӣ дар Ғазза

Бо вуҷуди ин ки 159 рӯз аз оғози амалиёти “Тӯфони Ал-Ақсо” алайҳи ишғолгарони саҳюнстӣ мегузарад неруҳои муқовимати исломии Фаластин ба сурати хастагинопазир ба набарди худ бо ишғолгарони саҳюнстӣ дар Ғазза идома медиҳанд.

Бо гузашти 159 рӯз аз ҳамлаи ваҳшиёнаи режими палид ва ҷинояткори саҳюнстӣ ба Навори Ғазза даргириҳои сангине миёни неруҳои муқовимати исломии Фаластин ва ишғолгарони кӯдаккуши саҳюнстӣ дар нуқоти мухталифи Навори Ғазза алайҳи ишғолгарони саҳюнстӣ рух додааст, ки бо вуҷуди ваҳшигариҳо ва бомбаборонҳои бе амони режими саҳюнистӣ дасти бартарро неруҳои муқовимати исломии Фаластин доранд.

Амит Хеливӣ, узви Кнессети режими саҳюнистӣ ва ҳизби «Ликуди» ин режим рӯзи гузашта дар суханоне ба шикасти сиёсӣ – низомии режими саҳюнистӣ дар таъйини сарнавишти ҷанг дар Ғазза ва ҳамчунин нокомии ин режими ҷинояткор дар таҳаққуқи ҳадафҳои худ эътироф кард.

Вай эълом кард, ки бо вуҷуди 5 моҳ ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Навори Ғазза, ҳамчунон ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин Ҳамос дар гуфтугӯҳо бо қудрат зоҳир мешавад.

Амит Хеливӣ, ҳамчунин аз тарҳи амалиёти артиши режими саҳюнистӣ дар Ғазза интиқод ва таъкид кард, ки ин тарҳ наметавонад сарнавишти ҷангро рақам бизанд.

Ин изҳорот дар ҳоле аст, ки аз ҳамон соатҳои аввали ҳамла, ахбори вокунишҳои масъулони режими саҳюнисӣ ба ин амалиёт тааҷҷуби зиёде барангехт. Масъулони режими ҷинояткор мутааҳҳид ба нобудии комили муқовимати исломии Ҳамос, кӯчи иҷбории сокинони Ғазза ва нобудии муқовимат дар он минтақа шуданд. Аҳдофи баландпарвозонаи саҳюнистҳо аз ҳамон ибтидо хабари як наслкушии бенатиҷа ва ҷинояти ҷангии беҳосилро дошт. Пас аз гузашти беш аз сад рӯз, аммо дигар бар ҳамагон ошкор шуда, ки ин аҳдофи режим то чӣ ҳад ғайри воқеӣ ва аз сари ҳаяҷоноти пас аз шикасти тармим нопазири 7 октябр будааст. Дар идома ба баррасии бахше аз ин шикастҳо хоҳем пардохт.

Аз ибтидои амалиёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва ҳамалоти Ҳизбуллоҳи Лубнон дар марзҳои шимолӣ, мақомоти режими саҳюнистӣ талоши зиёде барои поин нишондодани омори талафоти худ доштаанд. Аммо баррасии шавоҳиди майдонӣ нишом медиҳад, ки режими ҷинояткори саҳюнистӣ шикастҳои мухталифе аз размандагони фаластинӣ хурдааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад