Бедарак шудани Н. Шарипов намояндаи “Гурӯҳи 24 “ дар Туркия

Ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” шоми 23 феврали соли 2024 бо нашри як изҳороти фаврӣ хабар дода, ки намояндаи “Гурӯҳи 24 “ дар Туркия – Насимҷон Шарипов субҳи 23 феврал дар шаҳри Истанбул бедарак гаштааст.

Ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” шоми 23 феврали соли 2024 бо нашри як изҳороти фаврӣ хабар дода, ки намояндаи “Гурӯҳи 24 “ дар Туркия – Насимҷон Шарипов субҳи 23 феврал дар шаҳри Истанбул бедарак гаштааст.

Ба гуфтаи ҳамсафонаш, Насимҷон Шарипов аз субҳи 23 феврал дар тамос нест ва гӯшиаш низ хомӯш буда, ҳеҷ хабаре аз ӯ пайдо накардаанд ва дар куҷо буданашро низ касе намедонад.

“Гуруҳи 24” дар мавриди ғайб задани Насимҷон Шарипов фарзияи рабуда шуданашро ҳам сарфи назар намекунад ва дар изҳороташ гуфтааст, ки “намояндагони “Гурӯҳи 24” дар Туркия солҳои охир ҳамвора навиштаҳои таҳдидомезе дарёфт мекарданд, ки ба зудӣ кушта ваё рабуда ва ба Тоҷикистон бурда хоҳанд шуд”.

Мақомоти Туркияву Тоҷикистон ҳанӯз ғайб задани ин фаъоли мухолифини тоҷикро расман ягон шарҳ надодаанд.

Аммо яке аз дӯстони наздики Насимҷон Шарипов ба пойгоҳи хабарии “Бомдодӣ” хабар дод, ки ӯ бори охир бо Насимҷон рӯзи 16 феврали соли ҷорӣ ва қариб як соат суҳбат карда буд.

Ин мусоҳиби “Бомдодӣ” гуфт: “Солҳои охир Насимҷон аз фаъолиятҳои сиёсӣ дилсард шуда, аз фаъолият дар “Гуруҳи 24” амалан хеле канор рафта буд. Дар он суҳбат ба ман нақл кард, ки ҳуҷҷатҳoи паноҳандагиаш дар Туркияро пурра дуруст кард ва ӯро барои кору иқомат ба як вилояти иқлимаш нисбат ба Истанбул хеле сарди Туркия фиристодаанд. Насимҷон гуфт, алакай дар инҷо хонаи иҷора пайдо кардааст, вале дӯстонаш ба меҳмонӣ даъваташ карданд ва ӯ аз идораи муҳоҷират барои 10 рӯз иҷозат гирифтааст, ки ба Истанбул биравад. Аммо Насимҷон  нагуфт, ки ин дӯстонаш киҳоянд, ки ӯ барои 10 рӯз расман рухсат гирифта, ба меҳмонии онҳо меравад? Ҳоло телефонаш дигар ҷавоб намедиҳад…”

Насимҷон Шарифов зодаи шаҳри Кӯлоб буда, 42 сол дорад. Ӯ ҳанӯз дар оғози таъсиси “Гуруҳи 24” аз ҷониби соҳибкори тоҷик Умаралӣ Қувватов ба ин ҳаракат пайваст ва аз оғози соли 2015 дар Туркия ба сар мебарад. Насимҷон Шарипов дар баробари раҳбари  кунунии “Гуруҳи 24” Сӯҳроб Зафар  ва узви фаъоли ин гуруҳ Зайд Бобоев аз камшумор аъзои ин ҳаракати оппозитсионианд, ки баъди моҳи марти соли 2015 дар Истанбул кушта шудани Қувватов ҳам дар Туркия монданд.

Насимҷон Шарипов дастикам се маротиба бо дархости мақомоти Тоҷикистон аз ҷониби пулиси Туркия дастгир шуда буд, вале ҳар се дафъа Туркия дархости ба Тоҷикистон истирдод кардани ӯро ба далели ангезаҳои сиёсӣ доштани парвандааш рад карда буд. Насимҷон Шарипов дафъаи якум, дар соли 2018, ки ҳамроҳ бо раҳбари “Гуруҳи 24” Сӯҳроб Зафар дастгир шуда буд, 70 рӯзро паси панҷара ба сар бурд.

Инки Туркия дархости истирдоди ӯро чанд маротиба рад кард, ҳамсафони Насимҷон Шариповро ба гумоне бурдааст, ки азбаски мақомоти Тоҷикистон бо роҳҳои расмӣ барои бурдани ӯ муваффақ нашуданд, шояд ин бор аз роҳҳои дигар истифода шуда бошад ва Насимҷон Шариповро рабуда бошанд. “Гуруҳи 24” аз ҳама хостааст, ки дар пайдо кардани Насимҷон Шарипов кумаки худро дареғ надоранд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Гуруҳи 24” аз баргузории ҷаласаи ҷамъбастии солона ва як силсила тағйироти кадрӣ дар раҳбарии ин ҳаракати оппозитсионии дар Тоҷикистон феълан мамнӯъ хабар дод.

Бино ба иттилоияи расмӣ, ҷаласаи ҷамъбастии “Гуруҳи 24” рӯзи 1 январи соли 2024 дар шаҳри Мёнхенгладбахи (Mönchengladbach) дар ғарби Олмон, дар наздикии марз бо кишварҳои Бенилюкс (Белгия, Ҳолланд ва Люксембург) баргузор шуда, бархе аз раҳбарону фаъолони “Гуруҳи 24” дар ин ҷаласа ба сурати ҳузурӣ ва бархеи дигар, аз ҷумла сухангӯи гуруҳ Убайдулло Саидӣ, ба сурати онлайнӣ аз тариқи видеотамос иштирок кардаанд.

Дар нишасти Мёнхенгладбах аз фаъолияти “Гуруҳи 24” дар соли 2023 натиҷагирӣ шуда, нақшаҳои он барои соли 2024 муайян карда шудаанд ва ҳамзамон дар сафҳои раҳбарии ин ҳаракати оппозитсионӣ як силсила тағйироти кадрӣ ба амал оварда шудааст.

Аз ҷумла бо қарори Шӯрои “Гуруҳи 24”  идомаи матлаб дар … 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад