Бедарак шудани Сӯҳроб Зафар раҳбари “Гурӯҳи 24” дар Туркия

Масъулони "Гурӯҳи 24", ҷунбиши мухолифи фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, гуфтанд, ки раҳбари он Сӯҳроб Зафар ду рӯз боз бедарак аст. Вай дар Туркия қарор дошт.

Масъулони “Гурӯҳи 24”, ҷунбиши мухолифи фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, гуфтанд, ки раҳбари он Сӯҳроб Зафар ду рӯз боз бедарак аст. Вай дар Туркия қарор дошт.

Дар як моҳи охир ин намояндаи дувуми “Гурӯҳи 24” аст, ки дар Туркия нопадид мешавад. Дар моҳи феврали имсол намояндаи “Гурӯҳи 24” Насимҷон Шарифови 39-сола дар Истанбул бедарак шуд. То ҳол дар куҷо будани ӯ маълум нест.

“Гурӯҳи 24” рӯзи 11-уми март дар изҳороте навишт, “Сӯҳроб Зафар аз субҳи даҳуми март дар тамос нест. Телефонаш низ хомӯш аст. Дар куҷо буданаш маълум нест.”

Дар идомаи изҳорот гуфтаанд, раҳбари ҷунбиши сиёсии мухолиф солҳои охир дар Туркия пайваста “навиштаҳои таҳдидомез мегирифт”, ки “ба зудӣ кушта ва ё рабудаву ба Тоҷикистон бурда хоҳад шуд”.

Талоши Радиои Озодӣ барои гирифтани тафсилот аз манобеи дигар то ин дам даст надод.

Сӯҳроб Зафар дар моҳи октябри соли 2014 аз Тоҷикистон ба Туркия кӯчид ва аз он вақт то ҳоло дар онҷо мезист. Вай чанд дафъа дастгир, аммо озод шуда буд.

Ҳоло ҳамсафонаш тахмин мезананд, ки эҳтимол ӯ рабуда шудааст.

Дар изҳорот гуфта шудааст :

“Талоши мо барои пайдо кардани Суҳроб Зафар то ҳол бенатиҷа буд. Дар сурати пайдо накардани роҳбари ҳаракат чораҳои зарурии дигарро низ меандешем”.

Созмони “Гурӯҳи 24”, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шудааст. То ин дам ба гуноҳи пайравӣ аз он даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ боздошт ва бархеи онҳо ба муддати дароз зиндонӣ шуданд.

Туркия макони зисти гурӯҳе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон аст, вале ин кишвар ҳамзамон аз шарикони тиҷоратии Дугшанбе ба шумор рафта, дар бозорҳои кишвар хариди молу маҳсулоти туркӣ зиёд ба назар мерасад. Муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар моҳи январи соли 1992 барқарор шудааст.

Тоҷикистон дар солҳои охир бо дархости Туркия литсейҳои вобаста ба Фатҳулло Гулен, рӯҳони турк ва мухолифи ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғонро баст ва камаш ду намояндаи ин созмонро ба Анкара таслим кард.

Пештар  дар хабарҳо омада буд:

Ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” шоми 23 феврали соли 2024 бо нашри як изҳороти фаврӣ хабар дода, ки намояндаи “Гурӯҳи 24 “ дар Туркия – Насимҷон Шарипов субҳи 23 феврал дар шаҳри Истанбул бедарак гаштааст.

Ба гуфтаи ҳамсафонаш, Насимҷон Шарипов аз субҳи 23 феврал дар тамос нест ва гӯшиаш низ хомӯш буда, ҳеҷ хабаре аз ӯ пайдо накардаанд ва дар куҷо буданашро низ касе намедонад.

“Гуруҳи 24” дар мавриди ғайб задани Насимҷон Шарипов фарзияи рабуда шуданашро ҳам сарфи назар намекунад ва дар изҳороташ гуфтааст, ки “намояндагони “Гурӯҳи 24” дар Туркия солҳои охир ҳамвора навиштаҳои таҳдидомезе дарёфт мекарданд, ки ба зудӣ кушта ваё рабуда ва ба Тоҷикистон бурда хоҳанд шуд”.

Мақомоти Туркияву Тоҷикистон ҳанӯз ғайб задани ин фаъоли мухолифини тоҷикро расман ягон шарҳ надодаанд.

Идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад