Душанбе мизбони намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон-2024”

Намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон-2024” рӯзҳои 25-27 апрел дар Душанбе баргузор мешавад.

Даҳ рӯзи поёнии моҳи апрели имсол дар Душанбе ва бо мушорикати кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвурОсиё намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон-2024” баргузор мешавад. Утоқи бозаргонӣ ва саноеи Тоҷикистон бо эълони ин матлаб гуфт, ки дар ин намоишгоҳ ҳамчунин кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвурОсиё ширкат хоҳанд кард.

Бар асоси ин гузориш, ин намоишгоҳ бистари муассире барои намоиши тавонмандиҳои тавлидкунандагони коло ва хадамот, густариши фаъолиятҳои иқтисодии хориҷӣ ширкатҳо аст.

Гуфтанӣ аст, ки ин рӯйдод низ фурсати хуберо ба бозаргонон барои инъиқоди қарордодҳои ҷадид ва барои сокинон ҷиҳати хариди коло бо қимати муносиб фароҳам мекунад.

Соли гузаштаи мелодӣ дар ин намоишгоҳ беш аз 60 ширкат аз 7 кишвари мухталифи ҷаҳон коло ва маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш гузошта буданд.

Ин намоишгоҳ бо ҳимояти давлат ва утоқи бозаргонӣ ва саноеи кишвар баргузор мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад