Иттиҳоди Аврупо: ҳазорон нафар дар Ғаззаро гуруснагӣ таҳдид мекунад

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки ҳазорон нафар дар Ғазза дар маърази таҳдиди гуруснагӣ қарор доранд.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки ҳазорон нафар дар Ғазза дар маърази таҳдиди гуруснагӣ қарор доранд.

Ҷузеф Бурел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи сешанбе гуфт, ки ҳазорон нафар дар Ғазза дар маърази таҳдиди гуруснагӣ қарор доранд.

Вай дар идомаи суханонаш гуфт: «зарурӣ аст, ки мақомоти Исроил ҷилавгирӣ аз дастрасии башардӯстона ба Ғаззаро мутаваққиф кунанд».

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо илова кард: «ворид кардани кумакҳо ба шакли ҳавоӣ ва дарёӣ беҳтар аз ҳеҷ аст, аммо наметавонад ҷойгузини расондани заминии кумакҳо ба ин борика шавад».

Вазорати беҳдошти Фаластин дар ҷадидтарин гузориш дар хусуси омори қурбониёни ҷанги Ғазза эълон кард: «шумораи шаҳидони Навори Ғазза дар 158-умин рӯзи ҷанг ба 31184 нафар ва шумораи маҷруҳон ба 72889 нафар расид».

Вазорати тандурустии Фаластин эълон кард, ки тайи 24 соати ахир, режими саҳюнистӣ бо иртикоби 8 ҷинояти ҷадид, сабаби шаҳодати 72 нафар ва захмӣ шудани 129 нафар шуд.

Ишғолгарон субҳи рӯзи гузашта шуморе аз шаҳрвандони Фаластиниро дар ҳоле, ки дар интизори дарёфти кумакҳо дар наздикии майдони Ал-Кувайт, воқеъ дар ҷануби Навори Ғазза буданд, ҳадаф қарор доданд ва шуморе аз онҳоро шаҳид ва захмӣ карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад