Афғонистон имрӯзро аввали моҳи Рамазон эълон кард

Ҳукумати Толибон имрӯзро рӯзи аввали моҳи Рамазон дар Афғонистон эълон кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, додгоҳи олии ҳукумати Толибон бо нашри як огоҳинома эълон кард, шоҳидон эълон карданд, ки шаби гузашта моҳи ҳилоли Рамазонро дидаанд. Ба ин тартиб, имрӯз (душанбе, 21 март) рӯзи аввали моҳи Рамазон аст.

Қабл аз ин хабаргузории давлатии Бахтар бо истинод ба мақомоти Додгоҳи олии Афғонистон хабар дода буд, ки ҳилоли моҳи Рамазон дида нашудааст ва рӯзи аввали моҳи Рамазон пас аз тасмими кумитаи мушоҳидаи ҳилол муайян хоҳад шуд.

Додгоҳи олии Толибон пас аз чанд соат баъд пеш аз нисфи шаби гузашта навишт: Чанд нафар аз ҳамватанони мо дар шаҳри “Миванд”-и вилояти “Қандаҳор” моҳи ҳилолро дидаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад