Тазоҳурот дар донишгоҳҳои аврупоӣ дар ҳимоят аз Фаластин

Донишгоҳҳои аврупоӣ сешанбе оянда дар баробари ҷанги вайронгари режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи фаластиниёни Навори Ғазза, тазоҳуроти эътирозӣ баргузор хоҳанд кард.

Ба гузориши Ал-Қудсулъарабӣ, сешанбе оянда донишгоҳҳои аврупоӣ шоҳиди бузургтарин тазоҳурот алайҳи ишғолгарии Исроил ва наслкушии он алайҳи мардуми Фаластин хоҳанд буд ва интизор меравад садҳо ҳазор донишҷу, муҳаққиқ ва устоди донишгоҳ дар ин тазоҳурот ширкат кунанд.

Ҷанг кунунӣ зарбаи бузурге ба Исроил буд зеро бахши донишгоҳӣ дар Ғарб алайҳи равишҳо ва дурӯғҳои таърихии он қиём кард.

Дар ҳамин росто «ҳамоҳангии донишгоҳӣ алайҳи истеъмор дар Фаластин», ки шабакаи муташаккил аз пажӯҳишгарони омӯзиши олӣ ва таҳқиқоти илмӣ чӣ аз асотид ва чӣ аз донишҷуён, ҳадафи худро поён додан ба ҷанги наслкушӣ ва истеъмор дар Фаластин эълом кардааст. Ин шабака ҳамчунин бахше аз як ҷунбиши фаромиллиятӣ алайҳи ҷанг дар Фаластин маҳсуб мешавад.

Пажӯҳишгароне аз донишгоҳҳои Фаронса ба ин ҳаракати донишгоҳҳоии аврупоӣ пайваста ва бо судури баёнияе ба таҷовузи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба Ғазза вокуниш нишон дода ва онро маҳкум карданд.

Ин баёния меафзояд дар мувоҷиҳа бо ҳамдастии ошкори давлати Фаронса дар ҷанг ва наслкушии Исроил алайҳи мардуми Фаластин ва саркӯби озодии баён дар бораи Фаластин, бахши донишгоҳии Фаронса аз ҳамаи пажӯҳишгарон мехоҳад, ки дар фарохони донишгоҳҳои Аврупо, ки марбут ба рӯзи ҳамбстагӣ бо мардуми мазлуми Фаластин аст, мушорикат кунанд.

Оташбаси фаврӣ, бидуни қайду шарт ва доимӣ, рафъи доимии муҳосираи Навори Ғазза ва дифоъ аз ҳаққи омӯзиши фаластиниён аз муҳиммтарин мавзӯъоте аст, ки дар ин баёния бар он таъкид шудааст.

Агар чи ин ҳаракат мухтасси донишгоҳҳои аврупоӣ аст, аммо интизор меравад донишгоҳҳои қорраи Амрико ҳам сешанбеи оянда дар ин тазоҳурот ширкат карда ва ҷиноёти режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ алайҳи фаластиниёни мазлум дар Ғаззаро маҳкум кунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад