Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибат фарорсидани моҳи мубораки Рамазон

Раисҷумҳури кишвар Эмомалии Раҳмон фарорасидани моҳи мубораки Рамазон моҳи тақво, раҳмату омурзиши гуноҳонро ба тамоми мардуми кишвар табрик гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дастуроти Қуръон ва аҳодиси Паёмбарро ёдовар шуд, ки Худованди мутаол афроди исрофкунандаро дӯст надорад.

Эмомалӣ Раҳмон бар аҳамияти риъояти қавонини танзими суннатҳо, ҷашнҳо ва маносик ва масъулияти волидайн дар баробари тарбияти фарзандон таъкид карда ва аз тамоми мардуми кишвар хостори риояти дақиқи ин аҳком шуданд.

Вай хотирнишон кард: Тазоҳур, зиёдахоҳӣ ва риоят накардани бархе мавозин ва меъёрҳои суннатҳо ва одобу русуми омиёна ва мазҳабӣ аз ҷумлаи монеъи иртиқои сатҳи зиндагии мардум аст.

Ишон ба сафарҳои мутаъаддиди шаҳрвандон ба ҳаҷи умра ишора кард ва хотирнишон кард: Бар муъминон фақат як бори ҳаҷ воҷибаст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад