Талоши Африқои Ҷанубӣ барои эъмоли фишори байналмилалии бештар бар режими саҳюнистӣ

Дар пайи идомаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ зидди миллати Фаластин, Африқои Ҷанубӣ аз девони байналмилалии додгустари дархост кард то иқдомоти изтирории бештари зидди ин режим иттихоз кунад.

Сухангуи раёсати Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ зимни дархости таҳарруки фаврии девони байналмилалии додгустари барои пешгири аз қаҳти дар борикаи Ғазза таъкид кард, ниёз ба иқдомоти бештари барои тазмини амният ва саломати 2 миллиону 300 ҳазор фаластинӣ дар Ғазза вуҷуд дорад.

Шароит дар борикаи Ғазза буҳрони аст режими саҳюнистӣ натанҳо бар ҳаҷми ҳамалоти худ афзуд балки роҳҳои кумакрасониро низ бар ин борика баста аст.

Дар ин замина Микайил Фахрӣ гузоришгари вижаи Созмони Миллал дар хусуси ҳаққи ғизо бо ҳушдор дар бораи вахомати буҳрони қаҳтӣ ва гуруснагӣ дар Ғазза гуфт: Исроил мехоҳад тамоми фаластиниёнро муҷозот кунад ин наслкуши аст. Ин мизон аз гурӯснагии пеш аз ин дар Ғазза таҷруба нашуда буд мардуми Ғазза як хушунати дарозмуддат, оҳиста ва дарднокиро таҷруба мекунанд.

Агарчи мақомоти мухталифи Созмони Милал ва бисёре аз кишварҳо нисбат ба гурӯснагии мардуми Ғазза вокуниш нишон дода ва хостори эҷоди роҳҳои амн барои кумакрасонӣ ба мардуми Фаластин шудаанд аммо Исроил ҳамчунон дар сояи ҳимоятҳои Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ба ҷиноёти худ идома медиҳад.

Дар ин росто Африқои Ҷанубӣ ки бештари шикоятро зидди режими саҳюнистӣ ба далели нақзи конвенсюни наслкуши ба девони байналмилалии додгустари ироа карда буд бори дигар бар лузуми фаъолиятҳои фаврии девони байналмилалии додгустари барои этминон аз пешгирии наслкушии бештар дар борикаи Ғазза таъкид кард.

Африқои Ҷанубӣ аз ҳафтаҳои аввали ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба фаластиниён, Исроилро мутаҳҳам ба опортойд ва наслкуши дар Ғазза кард ва илова бар шикоят аз Исроил аз девони байналмилалии додгустари таваққуфи ҳамалоти Исроил ба Ғазза ва барқарории оташбасро хостор шуд.

Агарчи ҳукми аввалияи девони байналмилалии додгустари дар бораи шикояти Африқои Ҷанубӣ аз режими саҳюнистӣ содир шуд ва бар асоси он режими саҳюнистӣ мулзам шуд, ки иқдомотиро дар ростои мамонеъат аз наслкуши дар Ғазза анҷом диҳад, аммо амалан Исроил натанаҳо ба ҳамалоти худ зидди фаластиниён идома медиҳад, балки акнун бо сиёсати гурӯснаги додан расман наслкушии заҷроварро барои мардуми Ғазза оғоз карда аст.

Бар асоси иттилоъоти Созмони Милал ҳамаи сокинони Ғазза бо қаҳти рӯ ба рӯ ҳастанд ва дар ҳоли ҳозир ҳудуди 378 ҳазор нафар аз гурӯснаги ранҷ мебаранд.

Рузномаи Гордиян дар ин замина навиш: Иқдомои Исроил нишон медиҳад, ки ин режим қасд дорад фаластиниёнро танҳо ба далели фаластинӣ будан аз байн бибарад, маҳрум кардан омидонаи мардум аз ғизо ба вузуҳ як ҷинояти ҷангӣ аст.

Шароити вахими Ғазза сабаб шуд то ҷомеъаи байналмилалӣ барқарории оташбас дар борикаи Ғаззаро хостор шавад бисёри аз кишварҳо бо ташкили кампайнҳои мухталиф таваққуфи ҳамалоти Исроилро хостор шуданд бо ин ҳол режими саҳюнистӣ ва ҳомии аслии он Амрико мухолифи барқарории оташбас ҳастанд.

Амрико ҳамчунон барои Исроил ҷиҳати қатли оми мардуми Ғазза силоҳ мефиристад ва дар Шурои амният барои мамонеъат аз судури қатъномаи оташбас дар Ғазза аз ҳаққи вето истифода мекунад.

Муҳаммад Файсал Дуҷи мудири кулли собиқи расонаи давлати Африқои Ҷанубӣ таъкид кард: Кишварҳои ғарбӣ бо таваҷуҳ ба ҳимоятҳои худ аз Исроил дар ҷиноятҳои дар навори Ғазза дигар наметавонанд аз ҳуқуқи башар сухан бигӯянд ғарб имрӯз шарики ҷурм, наслкушии зиддӣ фаластиниён аст.

Акнун бори дигар Африқои Ҷанубӣ барои барқарории оташбас ва пешгири аз наслкушии фаластиниён бо силоҳи гурӯснагӣ хостори басиҷи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон зидди ҷинояти Исроил ва афзоиши фишорҳои байналмилалӣ ба вижа иқдоми ҷиддии девони байналмилалии додгустари шуда аст.

Перетория аз девони байналмилалии додгустари хост дастуре содир кунад, ки бар асоси он Исроил фавран интиқоли кумакҳо ва хадамоти мавриди ниёз дар борикаи Ғаззаро тазмин кунад.

Ба боварии Африқои Ҷанубӣ вазияти ба шидатфаврии ҳоким бар Ғазза талаб мекунад то девони байналмилалии додгустари бидуни барномарези барои оғози ҷаласоти додрасиҳои ҷаддид иқдом ба тасмимгирӣ кунад ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ низ дар ин росто ҳамкори кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад