Сӯхтори шадид дар бозори “Баҳор” дар шаҳри Бохтар

Субҳи 7 марти соли 2024 бар асари сӯхтор дар бозори “Баҳор” дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа), маркази маъмурии вилояти Хатлон чанд дӯкон ба коми оташ рафтааст.Субҳи 7 марти соли 2024 бар асари сӯхтор дар бозори “Баҳор” дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа), маркази маъмурии вилояти Хатлон чанд дӯкон ба коми оташ рафтааст.

Субҳи 7 марти соли 2024 бар асари сӯхтор дар бозори “Баҳор” дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа), маркази маъмурии вилояти Хатлон чанд дӯкон ба коми оташ рафтааст.

Ба гуфтаи мақомот, сӯхтор тахминан соати ҳафти субҳ дар растаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошинҳо сар зада, аксаран дӯконҳои шаҳрвандони Афғонистонро ба коми худ кашидааст.

Хабарнигори “Фараж” дар бораи зарар дидани тахминан 7 дӯкон хабар дод, вале Валиҷон Бекиҷонзода аз Хадамоти сӯхторнишонии шаҳри Бохтар дар бораи зарар дидани 6 дӯкон хабар дода гуфтааст, барои фурӯ нишондани оташ мошинҳои оташнишонӣ аз ноҳияҳои бо маркази вилояти Хатлон ҳамсояи Вахшу Кӯшониён низ даъват карда шуданд.

Сабаби сӯхтор ва ҳаҷми зарари расондааш ҳанӯз маълум нест. Мақомот гуфтанд, сабаби сӯхтор ва ҳаҷми зарари онро гуруҳи корӣ таҳқиқ мекунад.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон бозорҳо дучори сӯхтор мешаванд. Мақомот дар аксари кулли маворид расиши кӯтоҳи ноқилҳоро сабаби  ин офатҳо меноманд, вале бозорнишинҳо гоҳо дар бораи эҳтимоли қасдан оташ задани дӯконҳояшон ҳарф мезананд.

Соли 2023 дар Тоҷикистон 1236 сӯхтор рух дода, ин офатҳо боиси ҳалокати 23 нафар шудаанд. Ҳаҷми зарари расида аз сӯхтор дар соли гузашта қариб 48 миллион, ё тақрибан 4,4 миллион долларро ташкил додааст. Соли 2022 дар Тоҷикистон дар 1234 сӯхтор 18 нафар ҷон бохта буданд.

Бозори “Баҳор” дар Бохтар бо номи бозори “Шаҳло” ҳам маъруф аст.

Шаҳри Бохтар, ки то соли 2018 Қӯрғонтеппа ном дошт, ҳудуди 130 ҳазор аҳолӣ дошта, дар 100-километрии ҷануби Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Субҳи барвақти 2 октябри соли 2023, тақрибан соати 03:40 ҷумъабозори шаҳри Хуҷанд ба коми оташ рафтааст.

Дар сабти видеоие, ки нусхааш ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, дида мешавад, ки оташ растаҳои бозорро фаро гирифтааст. Дар як акси дигар нишон дода мешавад, ки аз биноҳои бозор танҳо 2 девор ва чанд тахтаи сӯхтаву сиёҳшуда боқӣ мондааст.

Сабаби сӯхтор маълум нест. Мақомот ин ҳодисаро то ҳол шарҳ надодаанд.

Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 581 ҳодисаи сӯхтор сабт шудаааст, ки ин назар ба 476 сӯхтори нимаи аввали соли қаблӣ 106 сӯхтор бештар аст.

Имсол дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар Тоҷикстон 18 нафар, аз ҷумла 9 ноболиғ ҷон бохта, ба моликияти давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон ба маблағи 9 миллиону 376 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расидааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад