Нишонаҳои тозаи варшикастагии сиёсӣ дар давлати Амрико

Ба тозагӣ се ҷилва ва намуди ошкор аз қарор гирифтани низоми ҳукмронии амрикоӣ дар бунбаст, зоҳир шудааст, ки дар навъи худ таваҷҷуҳи зиёдеро ҳам ҷалб карда ва таҳлилу тафсирҳои зиёдеро ҳам барангехтааст.

Ба тозагӣ се ҷилва ва намуди ошкор аз қарор гирифтани низоми ҳукмронии Амрико дар бунбаст, зоҳир шудааст, ки дар навъи худ таваҷҷуҳи зиёдеро ҳам ҷалб карда ва таҳлилу тафсирҳои зиёдеро ҳам барангехтааст.

Дар солҳои ахир ва ҳамзамон бо тарҳи таҳлил ва тафсирҳо ва гузоришҳои мухталиф аз сӯи андешкдаҳо ва андешамандони ғарбӣ ва ба таври хос амрикоӣ бо меҳварияти уфули ҳежмунии ҷаҳонии Амрико, шоҳиди ошкор шудани ҷилваҳои айнии ин масъала ҳам дар қолаби муодилаҳои ҳукмронии дохилии Амрико ва ҳам дар қолаби сиёсати хориҷии ин кишвар дар бахшҳои мухталиф ҷаҳон будаем.

Дар ин чаҳорчӯб, ҷараёнҳои сиёсӣ ва расонаии амрикоӣ ва дигар аҳрумҳои таблиғотӣ дар ин кишвар ба ҳар шакли мумкин саъй дошта, то аз ифшои нуқтаи заъфҳо ва шикофҳои эҷодшуда дар идаи ҳежмунии ҷаҳонии Амрико ҷилавгирӣ кунанд ва ба ҳар наҳви мумкин, ки шудааст, навъе танаффуси маснуиро ба колбуди беҷони идаи ҳежмунии ҷаҳонии Амрико бидиҳанд. Бо ин ҳол, ба рағми тамомии ин талошҳо, боз ҳам шоҳиди ифшои расвоиҳои бузург барои Амрико дар ин бора ҳастем.

Дар ҳамин бора, ба тозагӣ 3 ҷилва ва намуди айнию ошкори дигар аз қарор гирифтан низоми ҳукмронии амрикоӣ дар бунбаст, зоҳир шуда, ки дар навъи худ таваҷҷуҳи зиёдеро низ ҷалб карда ва таҳлил ва тафсирҳои зиёдеро ҳам барангехтааст. Масоиле, ки на фақат дар ҳавзаи сиёсати дохилӣ, балки дар арсаи байналамилалӣ низ ҳомили чолишҳои зиёд ва ҷиддӣ барои ҳукмронии амрикоӣ ҳастанд.

  1. худсӯзии халабони амрикоӣ дар эътироз ба ҷанги Ғазза

Ба тозагӣ як халабони нерӯи ҳавоии Амрико дар эътироз ба ҷиноятҳои режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза алайҳи мардуми Фаластин ва албатта ҳамдастии давлати Амрико бо саҳюнистҳо дар иртикоб ба ҷиноятҳои мазкур, муқобили сафорати режими ишғолгари қудс дар Вашингтон даст ба худсӯзӣ зад. Ин халабони амрикоӣ ба далели шиддати ҷароҳатҳо даргузашт ва албатта, ки ин иқдоми вай, бозтобҳои дохилӣ ва байналмилалии густардае пайдо кард. Ин рӯйдод ҳаддиақал 2 ҳазинаи роҳбурдиро барои низоми ҳукмронӣ дар Амрико дар пай доштааст:

Якум: худсӯзии халабони амрикоӣ нишон дод, ки то чӣ андоза сенарияпарозиҳои амрикоиҳо бо меҳварияти ин масъала, ки кишварашон як Мадинаи фозилаи ҷаҳонӣ аст, ғалат ва гумроҳкунанда аст.

Дар ҳақиқат дар чунин кишваре як инсон барои инки монеъ аз ҳамдастии давлати кишвараш дар қатли ом ва наслкушии мардуми Фаластин шавад, маҷбӯр ба оташ задани худ ва фидо кардани ҷонаш мешавад. Рӯйдоде, ки дар кишвари гӯё маҳди демократика дар дунё, ҳомили паёмҳои маънодоре аст. Ҷолиб инки давлати Амрико эълон кардааст, ки ин мавзуъро дарк мекунад, аммо дар ниҳоят дар мавзуи Ғазза бар асоси манофеи худ амал мекунад!

Дуюм: Иқдоми ахири халабони амрикоӣ дар сатҳи байналмилалӣ низ то ҳадди зиёде эътибори мутасаввири амрикоиҳоро зери савол бурд. Дар воқеъ, раванди расвоиҳои Амрико дар авҷи ҷанги Ғазза бо худсӯзии халабони амрикоӣ дар эътироз ба ҳамдастии давлати кишвараш бо ҷиноятҳои саҳюнистҳо дар ҷанги Ғазза, моҳияти ҷиддитаре гирифта ва албатта, ки бархе ба вуҷуди муқовиматҳои ҷиддӣ дар артиши Амрико алайҳи навъе кунишгарии Вашингтон дар мавриди ҷанги Ғазза низ ишора доштаанд.

  1. Ҷанҷоли раисҷумҳури ҳисобдор дар Амрико

Никӣ Ҳейлӣ, рақиби аслии Трамп дар интихоботи дарунҳизбии ҷумҳурихоҳон бо меҳварияти интихоботи соли 2024-и Амрико ба тозагӣ дар мавзеъгирии худ гуфтааст, ки мизони бедиҳии давлати Амрико ба қадре зиёде аст, ки раисҷумҳури ояндаи ин кишвар бояд як ҳисобдор бошад. Ҳейлӣ гуфтааст, ки Амрико акнун беш аз 34 триллион доллар бедиҳӣ дорад ва мудирияти ин буҳрони бузург зарурӣ менамояд, ки раисҷумҳури нави Амрик дар ҳадди як ҳисобдор тахассус ва таҷриба дошта бошад. Албатта, ки пештар Жант Ялин (вазири хизонадории Амрико) низ буҳрони бедиҳии Амрикоро бисёр бузург ва хатарнок тавсиф карда буд.

Ин мавзеъгирӣ низ бо бозтобҳои густардае дар арсаи байналмилалӣ рӯ ба рӯ шуд ва нишон дод, ки то чӣ андоза миёни тасвири рӯёие, ки раҳбарони амрикоӣ аз кишваршон ба ҷаҳониён ироа мекунанд ва воқеиятҳои айнии ин кишвар мушкилот ва чолишҳо вуҷуд дорад. Нуктаи қобили тааммул инки ҳеҷ кадом аз руасои ҷумҳур ё давлатҳои амрикоӣ дар тайи солҳои ахир низ натавонистаанд ба наҳви муассире буҳрони бедиҳии Амрикоро мухотаб қарор диҳанд ва роҳи ҳаллеро барои он биёбанд.

Масъалаҳое, ки нишон медиҳад Амрико аз ҳайси иқтисодӣ ҳам, ки ҳамвора ин ҳавзаро нуқтаи асосӣ ва муҳими қудрати худ муаррифӣ карда, рӯ ба суқут аст ва роҳи ҳалли мӯътабареро барои ҷилавгирӣ аз ин вазъият пеши рӯи худ намебинад.

  1. Дӯруии аҷиби Амрико дар масъалаи ташкили давлати мустақилли фаластинӣ

Дар ниҳоят бояд гуфт, ки давлати Амрико дар рӯзҳои ахир бар шиддати сафсатагӯиҳои худ бо меҳварияти тааҳҳудаш ба ташкили давлати мустақилли фаластинӣ афзудааст. Ин дар ҳоле аст, ки парлумони саҳюнистҳо ба тозагӣ дар иқдоме, мусаввабаи кобинаи Нетанёҳу, мабнӣ бар шиносоии ташкили якҷонибаи як давлати мустақилли фаластиниро бо аксарияти раъйҳо тасвиб кардааст.

Нуктаи қобили тааммул инки давлати Амрико дар шароите аз идаи ташкили як давлати мустақилли фаластинӣ ҳимоят мекунад, ки бештарин ҳимоятҳоро аз режими саҳюнистӣ дар авҷи ҷангафрӯзияш алайҳи Навори Ғазза ва мардуми Фаластин анҷом медиҳад. Бо ин ҳол, ҳадди ақал ба 2 далели умда ва меҳварӣ, риёкории мақомоти аршади амрикоӣ дар сафсатагӯиҳояшон бо мавзуи ташкили давлти мустақилли фаластиниро набояд бовар кард.

Аввал инки асосан ташкили як давлати мустақилли фаластинӣ дар ҷиҳати манофеи сиёсии Амрико дар минтақаи ғарби Осиё қарор надорад ва худ метавонад эҷодкунандаи чолишҳои ҷиддӣ барои Амрико бошад. Албатта, ки даҳаҳо ғайрифаъол будани Амрико дар ин робита низ бисёреро ба ин фикр меоварад, ки чӣ шудааст амрикоииҳо акнун ба фикри ташкили як давлати мустақилли фаластинӣ афтодаанд ва солҳо аз ворид кардани ҳаргуна фишор ба режими ишғолгари Қудс дар заминаи амал ба тааҳҳудҳояш дар робита бо ташкили як давлати фаластинӣ бар пояи тавофуқҳои Осло худдорӣ кардаанд?

Дувум инки обрӯ ва эътибори байналмилалии Амрико дар авҷи ҷанги Ғазза ба қадре бар бод рафтааст, ки бисёре аз нозирон ва таҳлилгарон мӯътақиданд, ки Амрико бо тарҳи мавзеъгириҳои мухталиф мабнӣ бар зарурати ташкили як давлати мустақилли фаластинӣ ба навъе саъй дорад, то ҳадде чеҳраи байналмилалияшро назди афкори умумии ҷаҳон эҳё кунад ва аз шаклгирии ин зеҳният, ки Вашингтон ба шакли тамомаёр ҳамдасти саҳюнистҳо аст, ҷилавгирӣ кунад. Масоиле, ки ҳама ва ҳама ҳокӣ аз ҳазинаҳои сангини ҷангии Ғазза барои Амрико ба вижа аз дидгоҳи байналмилалӣ ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад