Дархости гузоришгари СММ аз ҳукумати Тоҷикистон

Як гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид СММ аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки бархӯрдаш бо ҷомеи шаҳрвандиро дигар намуда, ба ҷои душман донистани ҳомиёни ҳуқуқ бо онҳо ҳамкорӣ кунанд.

Як гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид СММ аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки бархӯрдаш бо ҷомеи шаҳрвандиро дигар намуда, ба ҷои душман донистани ҳомиёни ҳуқуқ бо онҳо ҳамкорӣ кунанд.

Ин даъват дар ҳоле садо медиҳад, ки моҳи ноябри соли гузашта мақомоти тоҷик аз қатъи фаъолияти 700 созмони ҷамъиятӣ дар давоми 18 моҳ хабар дода буданд.

Мэри Лолор, гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи инсон гуфтааст, “барҳам додани созмонҳои ҷамъиятие, ки аз ҳуқуқи башар ҳимоят мекарданд, далели бад шудани фазои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст.”

Тоҷикистон ҳанӯз ба ин даъвати гузоришгари вижаи СММ вокуниш накардааст, вале дар гузашта гуфта буданд, ки созмонҳои ҷамъиятиро бо далели риоя накардани қонун бастаанд.

Гузоришгари СММ гуфтааст, кормандони созмонҳои ҷамъиятӣ, ки дар мавриди ҳимоят аз ҳуқуқи аққалиятҳо, озодии эътиқод, озодии баён ва интихоботи шаффоф кор мекарданд, таҳқиру таҳдид шудаанд.

Ба гуфтаи Мэри Лолор, бархе аз ин созмонҳо 20 сол собиқаи кор доштанд ва ҳоло бо барҳам хурдани онҳо ҳимоят аз ҳуқуқ ба таҳсил, ҳимоят аз қурбониёни шиканҷа, пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ, дастраси ба замин ва кумак ба маъюбон ба мушкил дучор шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон бархе аз созмонҳоро пас аз пахши эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бастанд.

Дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар Рӯшону Хоруғ дар соли 2022 камаш 34 кас кушта шуд. Додситонии кул дар бораи марги 29 нафар гузориш дод.

Президенти Тоҷикистон онҳоро узви гуруҳҳои ҷиноӣ номид ва тасдиқ кард, ки фармони амалиётро ӯ додааст. Наздиконашон мегӯянд, ин афрод силоҳ надоштанд ва танҳо барои ибрози андеша ва эътироз ба кӯчаҳо баромада буданд.

Дар гузориши СММ гуфта мешавад, ки пас аз ин ҳодиса бисёре аз созмонҳо бо қарори додгоҳҳо баста шуданд ва бархе худашон фаъолияташонро қатъ карданд. То соли 2022 дар ВМКБ 300 созмони ҷамъиятӣ фаъолият мекардааст, ки ҳоло аз ин шумора тақрибан даҳ дарсад боқӣ мондаанд.

Гузоришгари СММ гуфтааст, ки намояндагони созмонҳо борҳо ба Вазорати адлия ва ҳукуматҳои маҳаллӣ даъват шуда, бо онҳо суҳбат шудааст. Чанде аз намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ тасдиқ кардаанд, ки баъд аз даъватҳои такрорӣ тасмим гирифтанд, ки худашон корро бас кунанд.

Мэри Лолор аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки идомаи кори созмони ҷамъиятӣ иҷоза диҳанд, чун ин нақзи ошкорои ҳуқуқи инсон аст.

Аксари созмонҳои байналмилали Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, расонаҳо ва фаъолони ҷамъиятӣ танқид мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон пайваста таъкид мекунанд, ки корашон қонунӣ аст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад