Оташсузии шадид дар ҷумъабозори Хуҷанд

Субҳи барвақти 2 октябри соли 2023, тақрибан соати 03:40 ҷумъабозори шаҳри Хуҷанд ба коми оташ рафтааст.

Субҳи барвақти 2 октябри соли 2023, тақрибан соати 03:40 ҷумъабозори шаҳри Хуҷанд ба коми оташ рафтааст.

Дар сабти видеоие, ки нусхааш ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, дида мешавад, ки оташ растаҳои бозорро фаро гирифтааст. Дар як акси дигар нишон дода мешавад, ки аз биноҳои бозор танҳо 2 девор ва чанд тахтаи сӯхтаву сиёҳшуда боқӣ мондааст.

Сабаби сӯхтор маълум нест. Мақомот ин ҳодисаро то ҳол шарҳ надодаанд.

Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 581 ҳодисаи сӯхтор сабт шудаааст, ки ин назар ба 476 сӯхтори нимаи аввали соли қаблӣ 106 сӯхтор бештар аст.

Имсол дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар Тоҷикстон 18 нафар, аз ҷумла 9 ноболиғ ҷон бохта, ба моликияти давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон ба маблағи 9 миллиону 376 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расидааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад