Дархости СММ барои рафъи маҳдудиятҳо алайҳи занони Афғонистон

Намояндаи вижаи Созмони Милал барои занон дар Афғонистон ба муносибати 8-уми март ва рӯзи ҷаҳонии зан баёнияе нашр карду бори дигар хостори рафъи маҳдудиятҳо барои занон дар ин кишвар шуд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Эллисон Дэвидиан, намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои занон дар Афғонистон тайи баёнияе ба муносибати ҳаштуми март ва “рӯзи ҷаҳонии зан” бар ниёзи фаврии ҷомеаи байналмилалӣ барои расидагӣ ба фазои кучаки занону духтарони афғон дар миёни чолишҳои ҷории ҷанг, фақру инзиво таъкид кард.

Вай бо таъкид бар ин ки мубориза барои ҳуқуқи занони Афғонистон як муборизаи ҷаҳонӣ аст, ҳушдор дод, ки бидуни бардошта шудани ин маҳдудиятҳо, хатари фурӯрафтани бештар дар фақру инзиво дар Афғонистон вуҷуд дошта ва маҳдудиятҳои Толибон бар занони афғон, тааҳҳудоти байналмилалии ҳуқуқи башари Афғонистонро нақз мекунад.

Ҳамчунин дар ин баёния ба нақл аз Роза Отунбоева, раиси ҳайати муовинати Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон “UNAMA” бар лузуми дубаробар кардани сармоягузорӣ рӯи занони афғон таъкид шудааст.

Отунбоева изҳор кард: Вазъияти кунунӣ дар Афғонистон ба таври фоҷеабор ва амдӣ ба занону духтарони афғон осеб мерасонад ва роҳро барои расидан ба сулҳу рифоҳи пойдор масдуд мекунад.

Бар асоси гузориши СММ, имсол беш аз 12 миллион зан дар Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.

Толибон занону духтаронро аз ҳузур дар донишгоҳҳо ва мактабҳои миёна манъ карда ва маҳдудиятҳои густардаеро барои иштиғол ва рафту омади онҳо вазъ кард ва ҳузури умумии ононро ба шиддат маҳдуд кардааст.

Бар асоси гузоришҳо, занони афғон ба таври давраӣ дар фазоҳои бозу баста алайҳи сиёсатҳои Толибон тазоҳурот кардаанд, ки мунҷар ба дастгирии бархе аз онҳо тавассути ин гуруҳ шудааст.

Теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз созмонҳо, коршиносон ва фаъолони ҳуқуқи башар бар ин боваранд, ки сиёсатҳои Толибон алайҳи занони афғон баробар бо нажодпарастии ҷинсиятӣ мебошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад