Медведев: Байден девона ва мояи нанги Амрикост

Раисҷумҳури собиқи Русия ба мафоди суханронии солонаи ахири Ҷо Байден вокуниш нишон дода ва ӯро як “девона” ва “мояи нанги Амрико” хонд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Димитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ва раисҷумҳури собиқи ин кишвар имрӯз (ҷумъа) дар вокуниш ба суханронии саросарии солона раисҷумҳури Амрико, Ҷо Байден-ро як фарди “девона” ва “мояи нанг барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” хонд.

Дар ҳоле, ки Ҷо Байден дар ин суханронӣ худашро бо Франклин Д. Рузвелт, 32-юмин раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муқоиса кард Медведев таъкид кард ин муқоисаи Байден дуруст нест.

Медведев дар шабакаи Х навишт: “Байден дар суханронӣ вазъияти кишвари худашро бо Франклин Д. рузвелт муқоиса кард. Шояд битавон ин ду нафарро камубеш то ҳадди каме, ки ба нафъи Байден нест қобил муқоиса донист. Дар дараҷаи аввал Рузвелт ҳар чанд, ки як марди маъюб буд Амрикоро аз рукуд хориҷ кард; Байден, аммо аз тарафи дигар як марди девона ва дорои нуқсони зеҳнӣ аст, ки рӯи кашондани башарият ба ҷаҳаннам фикр мекунад.”

Медведев, Байденро ба талош барои оғоз кардани ҷанги ҷаҳонии сеюм ва ҷангидан ба нафъи фашистҳо бар хилофи талошҳое, ки Рузвелт барои сулҳ анҷом медод, муттаҳам кард.

Байден дар суханронии рӯзи панҷшанбе ба суханронии соли 1941 Рузвелт дар конгресси Амрико ишора кард; суханроне, ки Рузвелт дар он гуфта буд, ки иттиҳод дар Амрико бо як таҳаввули бесобиқа дар таърих мувоҷеҳ шудааст.

Байден ҳамчунин Доналд Трамп, рақиби ҷумҳурихоҳи эҳтимолии худ дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2024-ро муттаҳам ба эҳтиром кардан дар баробари Русия кард. Байден дар ҳоле, ки ду ҳафта қабл дар изҳороте ба Владимир Путин тавҳин карда буд муддаӣ шуд паёмаш барои раисҷумҳури Русия ин аст, ки аз кумак ба Украина канор намекашад.

Медведев навишт: “Рузвелт ба ҳамроҳи муттаҳидонаш шомили Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии собиқ барои сулҳ меҷангид, аммо Байден фаъолона талош дорад ҷанги ҷаҳонии сеюмро оғоз кунад.

Ӯ дар ин паёмаш, ки ба забони англисӣ мунташир кард, идома дод: “Рузвелт алайҳи фашистҳо меҷангид, аммо Ҷо Байден барои онҳо ва ба нафъи онҳо меҷангад. Ӯ мояи нанги Амрико аст.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад