Тавофуқи Эрону Тоҷикистон барои тавлиди доруҳои муштарак

Вазири беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии ҶИЭ гуфт, омодаги дорем доруҳо ва таҷҳизоти пизишкии худро ба Тоҷикистон содир кунем ва тавлидоти муштараки доруи бо онҳо дошта бошем.

Вазири беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар ҳошияи баргузории нахустин ҳамоиши байналмилалии пӯшиши ҳамагонии саломат афзуд, барномаҳои муштараке бо вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ тадвин шудааст, ки аз муҳимтарин онҳо метавон ба табодули устод ва донишҷӯ, баргузории ҳамоишҳое илмии муштараку иҷрои барномаҳои таҳқиқотӣ ва пажӯҳишӣ ишора кард.

Вазири беҳдошти Ҷумурии Исломии Эрон бо ишора баа имконоти ҳавзаи дармони Эрон, истифодаи мардуми Тоҷикистон аз зарфиятҳои ҳавзаи гардишгарии саломати Эронро қобили густариш тавсиф кард.

Вазири беҳдошт дар идомаи ин дидор ба иқдомоти ҳавзаи беҳдошти Эрон дар заминаи пешгирӣ аз бемориҳо ишора кард ва гуфт, яке аз муҳимтарин барномаҳое, ки дар ҳавзаи беҳдошт иҷро шудааст, барномаи саломат хонавода аст, ки омодаги дорем таҷрибиёти худ дар ин заминаро дар ихтиёри Тоҷикистон қарор диҳем.

Доктор Айнуллоҳӣ ҳамчунин изҳор дошт, бояд барномаи яксола ва муштарак бо вазорати тандурустии Тоҷикистон тадвин ва бар мабнои он ҳамкориҳои худро дар ҳавзаҳои мухталифи саломат, танзим ва тақвият кунем.

Вазири беҳдошти Эрон дар идома бо ишора ба пешрафтҳои таҳқиқотии Эрон дар ҳавзаи дармони саратон гуфт, дар ин замина метавонем бо Тоҷикистон ҳамкориҳои таҳқиқотӣ ва дармонӣ дошта бошем.

Вазири тандурустии Тоҷикстон низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз вазорати беҳдошти Ҷумҳурии исломӣ дар баргузории нахустин ҳамоиши байналмилалии пӯшиши ҳамагонии саломат гуфт, умедворем, бо барномарезиҳое, ки сӯрат хоҳад гирифт ҳамкориҳои густардае бо Ҷумҳурии исломӣ дар ҳавзаи саломат дошта бошем.

Доктор Ҷамолиддин Абдуллозода бо муваффақ хондани саноати доруии Эрон, хостори тавлиди маҳсӯлоти доруии муштарак бо Эрон шуд.

Вай афзуд, дар ҳавзаи омӯзиш низ метавонем аз ҳузури асотид ва мутахассисони эронӣ баҳраманд шавем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад