Ҳузури мардум дар интихобот ҷиҳод буд

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Душманон ҳудуди як сол бо таблиғоти худ талош карданд то мардумро аз ҳузур дар интихобот мунсариф кунанд ва интихобот аз равнақ биафтад, аммо мардум бо ҳаракати бузургу ҳамосаомези худ дар 11-уми исфанд, ба муқобила бо талоши душманон рафтанд, бинобар ин ин ҳаракат як ҷиҳод буд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи имрӯз баъд аз кошти 3 дарахт, ки ҳамзамон бо рӯзи дарахткорӣ анҷом шуд, аз ҳузури миллати Эрон дар пои сандуқҳои раъй дар 11-уми исфанди 1402 ҳиҷрӣ-шамсӣ ташаккур карда ва гуфт: Ҳузури миллати Эрон дар интихобот анҷоми вазифаи иҷтимоӣ ва тамаддунӣ ва як ҷиҳод буд.

Ишон афзуд: Душманон ҳудуди як сол бо таблиғоти худ талош карданд то мардумро аз ҳузур дар интихобот мунсариф кунанд ва интихобот аз равнақ биафтад, аммо мардум бо ҳаракати бузургу ҳамосаомези худ дар 11-уми исфанд, ба муқобила бо талоши душманон рафтанд, бинобар ин ин ҳаракат як ҷиҳод буд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ аз дастандаркорони интихобот аз масъулони баргузорӣ то таблиғоту ҳифзи амният низ ташаккур ва қадрдонӣ кард.

Ишон ҳамчунин бо ишора ба вуқуи сел дар бахшҳои ҷанубии вилояти Систон ва Балучистон ва зарарҳои расида ба мардум таъкид кард: Кумакҳо ва имдодҳое, ки аз тарафи бахшҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ дар ҳоли анҷом аст, бояд идома пайдо кунад ва касоне ҳам ки тавоноии вуруд ба имдоду кумакро доранд, барои кумакрасонӣ ворид шаванд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар суханони худ бо ишора ба рӯзи дарахткорӣ, кошти дарахтро як сармоягузории босарфа ва пурсуд хонда ва афзуд: Дарахт дорои самароти зиёде ҳамчун афзоиши кислороди ҳаво ва муқобила бо олояндаҳост, бинобар ин як сармоягузории пурсуд аст ба хусус дар шароити зиндагии мошинии имрӯз, ки муттаассифона олояндаҳо афзоиш пайдо кардаанд.

Ишон аҳамият додани Исломро бар иртиботи инсон бо табиат ва ҳамчунин муҳофизат аз табиат ёдовар шуда ва бо ишора ба нишондани се дарахт барои нишон додани эҳтимоми бештар ба дарахткорӣ, аз ҷумла кошти як дарахти зайтун гуфт: Барои эъломи ҳамбастагӣ ва ҳамдилӣ бо мардуми мазлум ва албатта бисёр муқовими Фаластин, яке аз дарахтҳое, ки имрӯз кошта шуд, дарахти зайтун буд ва ин иқдоми намодин дар воқеъ барои ибрози салом ба онҳо буд ва ин ки бигӯем: Ҳамвора ҳатто дар кошти дарахт низ ба ёди мардуми Фаластин ҳастем.

Оятуллоҳ Хоманаӣ илова бар кошти ниҳоли зайтун, як ниҳоли «Сарви лавсон» ва як ниҳоли «Анҷилӣ»-ро, ки дар дохили тавлид шудаанд, бар замин нишонд.

Дарахти «Анҷилӣ», як дарахти бӯмии ҷангалҳои Мозандарон аст, ки илова бар истифода аз чӯби сахти он дар масорифи мухталиф, реша ва баргҳои он низ истифодаи доруӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи ҷумъаи гузашта 11-уми исфанди 1402 ҳиҷрӣ-шамсӣ баробар бо 1-уми марти 2024 интихоботи намояндагони Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ва намояндагони Маҷлиси шӯрои исломӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд ва бо вуҷуди таблиғоти манфии бадхоҳони ҶИЭ ва ташвиқи мардум ба ширкат накардан дар интихобот, 25 миллион нафар (беш аз 41%) дар интихобот ширкат карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад