39 нафар қурбонии сармои ду ҳафтаи ахири Афғонистон шуданд

Сухангӯи идораи муқобила бо ҳаводиси табиии Афғонистон теъдоди ҷонбохтагон бар асари сармои шадид ва бориши барф тайи ду ҳафтаи ахирро 39 нафар эълом кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҷонон Соиқ, сухангӯи Идораи муқобила бо ҳаводиси табиии Афғонистон теъдоди талафоти инсонӣ бар асари сармои шадид аз ду ҳафтаи гузашта токунун дар вилоятҳои мухталифи ин кишварро 39 нафар эълом кард.

Соиқ бо ибрози таассуф аз осебҳои бавуҷуд омада дар ҳаводиси табиии ҳафтаҳои ахир ва ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаи осебдидагон гуфт: токунун бар асари бориши барф ва шиддати сармо дар Афғонистон 39 нафар ҷонбохтанд, 30 нафар захмӣ шудаанд ва 637 манзили истиқоматӣ тахриб шудааст.

Вай афзуд бориши сангини барф ва шиддати сармо дар Афғонистон масири рафту омади бисёре аз вилоятҳоро масдуд кардааст. Ҳамчунин гузоришҳое аз тахриби хонаҳои гелӣ ва талаф шудани ҳудуди 14 ҳазор дом ва хисоратҳои дигар нашр шудааст.

Манобеи маҳаллӣ дар вилоятҳои Парвон, Қандаҳор, Хуст, Кописо, Сарпул, Пактиё , Форёб, Кобул, Зобул, Лағмон, Самангон , Нангарҳори Пактико, Бадахшон низ ҳар кадом аз талафоти инсонӣ ва ҳайвонии ношӣ аз сармо гузориш додаанд.

Идораи муқобила бо ҳаводиси табиии Афғонистон ба тозагӣ эълом карда буд, тайи чанд ҳафтаи гузашта бисёре аз вилоятҳои Афғонистон шоҳиди ҳавои фавқулодда сард будаанд, ба тавре, ки дар охири ҳафта камтарин мизони дамои ҳаво дар вилояти Ғур манфии 33 дараҷа ба сабт расидааст.

Дар ҳоли ҳозир дар бисёре аз вилоятҳои ин кишвар бориши сангини барф боиси масдуд шудани роҳҳо шудааст.

Шафиуллоҳ Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати мудирияти буҳрони ҳукумати Толибон соли гузашта ба “CNN” гуфта буд, ки бар асари сардии ҳаво дар Афғонистон ҳадди ақал 157 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад