Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ нигарони нотавонии артиш барои идомаи ҷанг дар Ғазза

Як расонаи ибризабон эълон кард, нигаронии Вазорати ҷанги Исроил аз нотавонии артиш дар анҷоми амалиёти заминии сареъ ва шадид дар Навори Ғазза рӯз ба рӯз бештар мешавад.

Як расонаи ибризабон эълон кард, нигаронии Вазорати ҷанги Исроил аз нотавонии артиш дар анҷоми амалиёти заминии сареъ ва шадид дар Навори Ғазза рӯз ба рӯз бештар мешавад.

Воло Ниоз дар гузорише дар ин бора ба нақл аз манобеи огоҳи низомӣ дар Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ хабар дод: имрӯз ҳушдорҳо ва нигарониҳои шадиде нисбат ба нотавонии артиши Исроил дар робита бо идомаи амалиёти заминӣ ва анҷоми амалиёти сареъ ва шадид дар Ғазза вуҷуд дорад, зеро эҳтимоли мавриди ҳамлаи ғофилгирона қарор гирифтани низомиёни Исроил ва ё бархурд бо бомбаҳои коргузошта бисёр зиёд аст.

Ба эътиқоди коршиносон исроилӣ шароит дар навор Ғазза ба шакле пеш меравад, ки артиши Исроил тавонмандии анҷоми мановри сареъро аз даст дода ва гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ битавонанд ба нерӯҳои Исроил наздик ва аз масофате кӯтоҳ ба онҳо тирандозӣ карда ё бо бомби мавриди ҳамла қарор диҳанд.

Воло Ниоз дар идома ба нақл аз манобеи огоҳ хабар дод: кобинаи ҷанги Исроил ҳеҷ тасмими қотее дар мавриди ин ҷанг надорад ва дар ҳоли ҳозир метавон гуфт, ки артиши Исроил вақти худро дар Навори Ғазза талаф мекунад.

Ин расона афзуд рӯзҳои пуртанишеро пеши рӯ дорем ва сатҳи раҳбарии сиёсӣ ва низомии Исроил бояд таҳаввулоти музокиротро баррасӣ ва дар мавриди он тасмимгирӣ кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад