Эълони оғози Рамазон, нисоби закот ва фидяи савм дар кишвар

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои кишвар оғози Рамазонро 11 март муқаррар кардаст.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз манобеи хабарӣ, оғози моҳи шарифи Рамазон дар кишвар 11-уми март мебошад.

Тибқи ин гузориш, Кумитаи дини Тоҷикистон бо такя ба Шӯрои уламои кишвар иттилоъ дод, ки ин шӯро нисоби закотро 35275 сомонӣ муқаррар кардаст, ки аз ин 880 сомонӣ закот муқаррар гардидаст.

Тақвими мазкур аз тарафи Раёсати Шурои уламо ва дар асоси пешниҳоди хулосаи Институти Астрофизикаи Академияи миллии илмҳои кишвар тасдиқ шудааст.

Дар ин баробар фидяи савм барои нафарони дорандаи узри шаръӣ ва беморон барои як рӯз 14 сомонӣ ва барои 30 рӯз 420 сомонӣ таъйин шуда, фитри рӯза 7 сомонӣ ҳисоб шудаст.

Қуръони Карим дар бораи рӯзаи моҳи шарифи Размон мефармояд:

شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَى وَالْفُرْقَانِ فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْهُ وَمَنْ كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَى سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ يُرِيدُ اللَّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلَا يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ وَلِتُكْمِلُوا الْعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَى مَا هَدَاكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

“Моҳи Рамазон аст, ки дар он Қуръон [ҳамчун] роҳнамо барои мардум ва нишонаҳои равшан аз ҳидоят ва ҷудокунанда[-и ҳақ ва ботил] нозил шудааст. Ва ҳар кас аз шумо он моҳро дарёбад, пас, бояд онро рӯза бидорад; ва ҳар кас бемор ё дар сафар бошад, пас, теъдоде аз рӯзҳои дигар[-ро рӯза бидорад]. Худо осониро барои шумо мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад. Ва то теъдод[-и рӯзҳо]-ро комил кунед ва Худоро бар ин ки шуморо ҳидоят кардааст, ба бузургӣ ёд кунед; ва шояд, ки шумо шукргузорӣ кунед.Ба фармудаи Қуръони Карим, гиирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.” Сураи Бақара, ояти 186

Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ масоҷиди кишвар серодам хоҳанд буд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.

Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидияи савм маслиҳат мешавад.

Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад