Шикояти сокинони Душанбе аз бебарқӣ ва хонаҳои сард

"Бинед, мардуми тоҷик чӣ ҳол дорад. Барқ нест. Аз субҳ дар ягон ҷо барқ нест. Ноҳияи Фирдавсӣ. Барқ нест. Кӯдакҳо аллакай касал шудаанд".

“Бинед, мардуми тоҷик чӣ ҳол дорад. Барқ нест. Аз субҳ дар ягон ҷо барқ нест. Ноҳияи Фирдавсӣ. Барқ нест. Кӯдакҳо аллакай касал шудаанд”.

Ин шикояти сокини яке аз ноҳияҳои Душанбе аз бебарқӣ аст. Барқ дар хонаҳои онҳо дар ин рӯзҳои сард ҳар рӯз 4 соат қатъ мешавад. Мегӯяд, дар хонаҳои сард кӯдакон азоб мекашанд.

Ин сокини Душанбе нақл кард:

“Кӯдакро бинед, бечора, даҳ қабат ҳам печонем, хунук мехӯрад”.

Ба мисли ин корбар дар ин рӯзҳои сарду пурбарфи Тоҷикистон сокинони зиёде аз гӯшаву канори кишвар, аз ҷумла пойтахт аз камбуди барқ дар хонаҳояшон шикоят мекунанд. Маъмулан “лимит” дар деҳаҳо ҷой дошт, вале имсол ба гуфтаи сокинон дар баъзе аз маҳаллаву баландошёнаҳои Душанбе ҳам барқро соатҳо ва бе огоҳӣ хомӯш мекунанд.

Як сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 27-уми феврал гуфт, дар бебарқӣ ҳоло барои омода кардани чою хӯрок аз зарфи гази моеъ истифода мекунанд, ки бехатар нест “

Вай афзуд:

Даҳ рӯз шуд, ки барқи моро хомӯш мекунанд. Ё аз субҳ то нисфирӯзӣ. Ё аз нисфирӯзӣ то бегоҳ. Кӯдакон ҳам дар хонаҳои хунук касал, зуком”.

Баъзе аз сокинони хонаҳои баландошёна дар ноҳияҳои атрофи шаҳр маҷбур шудаанд бо бухории ба қавле “бобоӣ” хонаҳои худро гарм кунанд. Мисли як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар манзилаш, воқеъ дар ошёнаи дуюм, бухорӣ гузошта, оташ рӯшан мекунад.

Маҳдуд будани интиқоли нерӯи барқ ва сардӣ сабаби он шуда, ки баъзе аз соҳибхонаҳо дари худро баста, ба хонаҳои хешу табор ё иҷора бираванд. Ин роҳи гурез аз сардӣ барои Аноргул, сокини ноҳияи Сино ва хонаводааш мушкили дигарро пеш овард.

Ӯ гуфт: “Барқро бисёр хомӯш карданд. Рафтему иҷора гирифтем, то кӯдакон хунук нахӯранд. Як ҳафта истодем, ки хонаро дузд зад, боз ба манзили худ баргаштем.”

Камбуди барқро дар ин рӯзҳои охир дар пойтахт ва махсусан дар баландошёнаҳо мақомот шарҳ надодаанд. Моҳе пеш вазири энергетика як сабабро афзоиши талабот ба барқ гуфта буд.

Далер Ҷумъа шарҳ дода буд:

“Дуюм масъала вобастагӣ дорад ба тағйирёбии иқлим. Барои мисол, дар тирамоҳи гузашта ва ду моҳи зимистон бориш қариб 95 дар сад нисбат ба соли гузашта кам шуд ва ин, албатта, ба ҷорӣ шудани об дар дарёи Вахш, ки аксарияти иқтидори нерӯи барқ дар ҳамон ҷост, таъсири худро расонд”.

Бархе ба ин гуфтаҳо шак доранд ва фурӯши барқро ба хориҷа далели асосии сарду торик мондани хонаҳои худ медонанд. Маҳдуд будани интиқоли нерӯи барқ махсусан дар фасли сармо солҳо боз як мушкили аслии сокинон дар Тоҷикистон аст. Чанд сол пеш раисиҷумҳур эълом дошта буд, ки ба зудӣ ин ҳолат ба “афсона” табдил хоҳад ёфт, аммо нашуд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Сокинони навоҳии Суғд мегӯянд, бо наздик шудани фасли зимистон дар деҳотҷойҳо ҳарорати ҳаво сард шудааст, вале мушкили барқрасонӣ аз сар гирифта нашудааст.

Ба гуфтаи сокинон ду моҳ ба ин тараф дар деҳоти Суғд ҳам шаб ва ҳам рӯз барқ қатъ мешавад.

Ромизи Фаррухзод, сокини ҷамоати Ашт дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маҳдудияти барқ дар деҳаҳо то ҳанӯз идома ёфта, рӯзона 9 соат ва шабона то 7 соат барқи манзили онҳо хомӯш қатъ мешавад.

Сокини ноҳияи Ашт изҳор намуд:

“Рӯзона аз соати 8:00 то 17:00 ва шабона аз 22:00 то 5:00 и субҳ барқро қатъ мекунанд”.

Ин сокини вилояти Суғд мегуяд, мушкили барқрасонӣ соли гузашта ҳам буд, вале имсол реҷаи маҳдудияти он бештар шудааст.

Мушкили бебарқӣ на танҳо дар ноҳияи Ашт, балки дар навоҳии Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Шаҳристон, Истаравшан, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва дигар навоҳии Суғд ҷой дорад.

Зимнан ба ҷузъ шаҳракҳо ва шаҳрҳои азим барқрасонӣ тибқи реҷаи яксон дар ноҳияҳо қатъ мегардад.

Комрон Раҷабов, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳам зимни суҳбат зикр кард, ки мушкили қатъкунии барқ дар ин ноҳия ҳам то ҳол бартараф нашудааст.

Сокини ноҳияи Мастчоҳ гуфт:

“Дар шароити деҳотҷойҳо ба ҷузъ манзилҳо мактабу муассисаҳои тиббӣ низ мушкили бебарқиро паси сар мекунанд”.

Ахиран рӯзи 28 сентябр ширкати “Барқи Тоҷик” бо нашри изҳорот сабаби ҷорӣ шудани маҳдудияти барқрасонӣ ба навоҳии кишварро шарҳ дод.

Дар ин изҳорот аз ҷумла гуфта шудааст, ки дар обанбори Норак “то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шудааст, “вале ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта ва ҳисоби миёнаи бисёрсола кам аст”.

Масъулин он замон гуфта буданд, ки ҷорӣ шуданияти маҳдудияти барқрасонӣ барои таъмини сокинон бо барқ дар фасли зимистон аст.

Интиқоли барқ ба аксар навоҳии Суғд аз сӯи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан танзим мешавад.

Манобеъ дар ин идора ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳоло аз сӯи ниҳоди болоии онҳо дастури аз байн бурдани лимит содир нашудааст.

Манбаъ аз “Шабакаҳои тақсимоти барқ”зикр кард:

“Мо мутобиқи нақшаи ҷумҳуриявӣ фаъолият мекунем ва то ҳол фармони аз байн бурдани маҳдудиятҳои барқрасонӣ дар ноҳияҳои вилоят содир нашудааст”.

Сокинони навоҳии Суғд мегуянд, бо фаро расидани сардиҳо, бебарқӣ дар шароити деҳотҷойҳо мушкили онҳоро афзун мекунад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад